image

Шинонидани гулҳои мавсимӣ дар «Боғи фарҳангӣ-фароғатии Восеъ»

date_range28.11.2022, 15:46 chat_bubble_outline0 remove_red_eye286

Тараддуд ва шинонидани гулҳои мавсимӣ дар кӯчаву хиёбонҳо ва боғу гулгаштҳои ш. Душанбе аз ҷониби кормандони соҳаи ободонӣ марҳила ба марҳила бо вусъат идома дорад.

Кормандони Муассисаи нигоҳдории боғу гулгашт-майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдаконаи н. Сино дар ин мавсим ба шинонидани гулҳои Карамгул, пиёзаки гулҳои Лола ва қаламча кардани гули садбарги бисёрсола машғули кор мебошанд.

Ҳудуди боғи Восеъро гулу дарахтон ва гулҳои мавсимию бисёрсола иҳота намудааст, ки симои ин боғи дилнишин аз ин ҳам назаррабо гардидааст. Таровату накҳати гули Лола бештар дар мавсими зебои баҳорӣ мушоҳида мегардад, ки гӯшаву канори пойтахти азизамонро гулҳои рангоранг зебу зиннат медиҳад. Дар атрофи парвариш ва нигоҳубин намудани гулҳои гуногун таваҷҷӯҳи кормандони боғ бештар гардида истодааст. Маҳз фаъолияти пурмаҳсули кормандон аст, ки атрофи боғ сабзу гулфишон шуда, ба макони фароғатӣ табдил ёфтааст.