image

Маҳфили «Нилуфари нур» дар факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

date_range29.11.2022, 10:19 chat_bubble_outline0 remove_red_eye311

Дар факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маҳфилҳои гуногун фаъолият мекунад, ки дар онҳо масъалаҳои муҳими амалияи журналистика мавриди баррасӣ қарор мегирад. Дар маҳфили навбатии «Нилуфари нур»-и кафедраи телевизион ва радиошунавонӣ барномаҳои сиёсӣ-таҳлилӣ дар телевизион муҳокима гардид.

Маҳфили Нилуфари нур яке аз маҳфилҳои фаъоли кафедравии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар маҷлисгоҳи факултаи журналистикаи Донишгохи миллии Тоҷикистон ин навбат бо ибтикори кафедраи телевизион ва радиошунавонии факултаи мазкур маҳфили илмию эҷодии «Нилуфари нур» бо иштироки донишҷӯён ва инчунин устодони кафедра баргузор гардид.

Ба маҳфили навбатӣ коршиноси масоили сиёсӣ, муовини сардори раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон муаллифи барномаи сиёсӣ-таҳлилии «Меҳвар»-и телевизиони Тоҷикистон Алиназар Хоҷизода даъват гардида буд.

Зимни баромади устодони факулта таъкид рафт, ки барномаҳои сиёсӣ дар шабакаҳои телевизионӣ як бахши муҳим ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ таваҷҷуҳ ба таҳияву пахши он зиёд аст.

Меҳмонони маҳфил дар идома доир ба мавзӯи «Барномаҳои сиёсӣ-таҳлилии телевизиони Тоҷикистон» ва нақши онҳо дар ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ андешаҳои худро дар асоси мисолҳои мушаххас пешниходи донишҷӯён намуд.