Плениуми 2-юми Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия Исмоили Сомонӣ доир шуд
Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ Плениуми 2-юми Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия бо иштироки собиқадорони ҷангу меҳнат ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, нафақахӯрон ва ҷавонони ноҳия доир гардид.
Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Исмоили Сомонӣ фаъолияти худро дар асоси Барномаи Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикисон ва шаҳри Душанбе таҳия намуда, тибқи он бахшида ба ҷашни «35-солагии Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «60-солагии Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Душанбе» як қатор чорабиниҳоро гузаронид ва омодагиҳо идома доранд.
Дар Плениуми 2-юми навбатии Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Исмоили Сомонӣ раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия маърӯза намуда изҳор дошт, ки «Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Исмоили Сомонӣ як давраи муайяни таърихиро дар бар мегирад. То таъсис ёфтани Шӯроҳои собиқадорони ҷангу меҳнати собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикстон, ҳанӯз аз солҳои 50-уми асри гузашта Кумитаи иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 фаъолият менамуданд, ки ҳуқуқу имтиёзҳои собиқадорони ҷангро муҳофизат карда, дар баробари ин корҳои тарбиявии ҳарбӣ-ватанпарастиро дар байни ҷавонон пеш мебурданд».
Дар ҷараёни Плениум қайд шуд, ки ташкилотҳои ибтидоӣ дар ҳамаи чорабиниҳои ноҳия фаъолона иштирок меварзанд. Тибқи қарори Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия оид ба ташкил кардани ташкилоти ибтидоии собиқадорон дар мактабҳо нақша чорабиниҳо омода гардидааст.
Дар асоси қарори Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Исмоили Сомонӣ маърӯзаи раиси шӯро «Дар бораи аҳамияти таърихии 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ солҳои 1941-1945 ва беҳтар намудани ҳифзи иҷтимоии собиқадорони ҷангу меҳнат ва тақвият додани тарбияи ҷавонону наврасон дар ташкилотҳои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия» ба маълумот ва роҳбарӣ гирифта шуда, иштирокчиёни Плениуми 2-юми Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз номи тамоми собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия ба Аосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои ғамхории доимӣ изҳори миннатдорӣ баён намуданд.
Дар чорабинӣ муовини раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ изҳор дошт, ки соли равон ба муносибати Рӯзи Ғалаба ба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, заҳматкашони ақибгоҳ ва шахсони ба онҳо баробаркарда шудаи ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтрам Рустами Эмомалӣ ва Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ кӯмакпулиҳо расонида шуд.
Дар охир ба собиқадорони фаъоли ҷангу меҳнати шаҳри Душанбе ва ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз номи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ кӯмакпулӣ ва сипосномаҳо супорида шуд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ