«Ҳаёт бидуни зӯроварӣ зебост». Рӯзи дарҳои кушод дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур
Бо ибтикори Муассисаи давлатии “Маркази худшиносии бонувон дар шаҳри Душанбе” дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур Рӯзи дарҳои кушод таҳти унвони «Ҳаёт бидуни зӯроварӣ зебост» доир шуд, ки дар рафти он коршиносон ва донишҷӯён фаъолона ширкат намуданд.
Муассисаи давлатии “Маркази худшиносии бонувон дар шаҳри Душанбе” дар доираи Амалиёти байналмилалии “16-Рӯзи мубориза алайҳи зӯроварии гендерӣ”, ки аз 25-уми ноябр то 10-уми декабр дар саросари ҷаҳон эълон гардидааст, ва бо мақсади татбиқ ва ташвиқу тарғиби Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” силсила чорабиниҳоро тибқи Нақшаи кории муассиса аз қабили “Рӯзи дарҳои кушод”, ҷиҳати пешниҳоди масъалаҳои ҳуқуқӣ, мизи мудаввар, семинар-машварат, суҳбат-вохӯрӣ ва баргузории “Аксия” таҳти унвони “Ҳайёт бидуни зуровари зебост”-ро миёни ҷавонону наврасони пойтахт дар муассисаҳои таълимӣ ва бо сокинони шаҳраку маҳаллаҳо баргузор намуда истодааст.
Зимни ифтитоҳи ҷамъомад ҳозирин сухан карда зикр намуданд, ки Ассамблеяи генералии Созмони миллаи Муттаҳид бо қарори худ аз 17-уми декабри соли 1999 25 ноябрро ҳамчун Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди хушунат нисбат ба занон эълон намуд. Мақсад аз таҷлили ин рӯз ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин масъалаи муҳим мебошад. Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди хушунат нисбат ба занон ҳамасола дар Тоҷикистон низ таҷлил мегардад.
Сипас дар толори Донишгоҳи мазкур устодону хонандагон ва кормандони донишгоҳ бо мутахассисон ва ҳуқуқшиносони варзида оид ба масъалаҳои доғи рӯз яъне мубориза алайҳи зӯроварии гендери суҳбати озод доир гардид.
Иштирокдорон низ дар навбати худ фаъолнокӣ нишон дода аз маслиҳатҳои саривақтӣ ва барои ҷомеаи имрӯза лозими мутахассисон истифода бурда, бо ин нафарон бо навбат суҳбат оростанд.
Маврид ба зикр аст, ки чорабинӣ дар сатҳи баланд ташкили ва маърифати баргузор карда шуда, дар ҳалли мушкилоти ҳуқуқии як гуруҳ занону ҷавондухтарони муроҷиаткунанда бисёр саривақтӣ ва бо маврид арзёбӣ гардида, маслиҳату машваратҳои судманд пешниҳод карда шуд.
Тақвим
« Ноябрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ