Ҳамоиш бахшида ба таҷлили Рӯзи байналмилалии волонтёрон таҳти унвони "Волонтёрӣ шараф аст, волонтёр мешавем"
Имрӯз дар доираи Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимитяи давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе аз ҷониби Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Исмоили Сомонӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи байналмилалии волонтёрон-5 декабр Ҳамоиши ноҳиявии волонтёрон таҳти унвони "Волонтёрӣ шараф аст, волонтёр мешавем" доир карда шуд.
Ҳамоишро мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Исмоили Сомонӣ ифтитоҳ намуд. Дар ҳамоиши мазкур муовини раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, омӯзгорон ва волонтёрони фаъоли назди Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Исмоили Сомонӣ иштирок намуданд.
Қайд шуд, ки ҳамасола санаи 5 декабр дар тамоми манотиқи кишвар "Рӯзи байналмилалии волонтёрон" яъне рӯзи шахсони хайрхоҳу нексиришт ҷашн гирифта мешавад. Агар ба саҳифа таърих назар афканем, воқеан ҳам мардуми шарафманди тоҷикро аз азал ҳамчун мардуми хайрухоҳу меҳнатдӯст, дилсофу поквиҷдон, ростгӯву ростқавл, меҳрубону содиқ мешиносанд. Имрӯзҳо Ҳукумати мамлакат ҷавононро нерӯи тавонои созанда ва пешбарандаи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти мамлакат меҳисобад ва ҳалли мушкилоту масъалаҳои вобаста ба зиндагӣ ва таҳсилу фаъолияти онҳоро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии худ эътироф менамояд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ