image

Пленуми 2-уми Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баргузор гардид

date_range30.11.2022, 14:55 chat_bubble_outline0 remove_red_eye280

Саҳми собиқадорони ҷангу меҳнат имрӯзҳо дар тарбияи насли наврас назаррас аст. Баргузории чорабиниҳои гуногуни сиёсиву маърифатӣ ва фарҳангӣ боис ба фаъолияти пурсамари сохтору мақомотҳо мегардад. Ин навбат Пленуми 2-уми Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Дар Пленуми 2-уми Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Сино, роҳбарияти Шӯро, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино ва собиқадорони ҷангу меҳнат иштирок намуданд. Сараввал ба хотираи гузаштагони ҷангу меҳнат ҳозирин дақиқае хомуш монданд. Дар идомаи Плениуми 2-уми Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат дар ноҳияи Сино ҳисоботи раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат дар ноҳия шунида шуд. Дар Пленуми навбатӣ масъалаҳои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ҳайати Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия, 35-солагии ташкилёбии Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия ва ҳамкории судманд бо ҷанговарони интернатсионалист ва ташкилоти “Иттифоқи маъюбони Чернобил”-и ноҳия дар самти баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва тарбияи ҷавонон, тасдиқ намудани нақшаи чорабиниҳои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия оид ба 80-солагии Ғалаба дар ҶБВ, беҳтар намудани ҳифзи иҷтимоии собиқадорони ҷангу меҳнат ва тақвият додани тарбияи ҷавонону наврасон дар Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия ва дар ташкилотҳои ибтидоии собиқадорони ноҳия мавриди муҳокимаи ҳамаҷониба қарор гирифтанд. Дар идома роҷеъ ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар сухан рафт. Гуфта шуд, ки собиқадорони ҷангу меҳнат пайваста аз ҷониби Роҳбарияти олии мамлакат аз ҳама ҷиҳат дастгири меёбанд.

Дар идома аъзоёни фаъоли Шӯро ва раисони ташкилоҳои ибтидоии собиқадорон бо Ифтихорномаи Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Сино ба муносибати 35-солагии таъсисёбии Шӯро сарфароз гардонида шуданд.