image

Чорабинии сиёсӣ-хайриявӣ дар “Заводи протезию ортопедӣ”-и шаҳри Душанбе

date_range30.11.2022, 15:34 chat_bubble_outline0 remove_red_eye284

Бахшида ба 28-умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур дар ҳамдастӣ бо ташкилоти ибтидоии “Тоҷикагролизинг” дар асоси дастуру супоришҳои сохторҳои болоии ҳизб дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Тақдир” чорабинии сиёсӣ-хайриявӣ бо оростани дастархони идона дар доираи Рӯзи байналмилалии маъюбон доир гардид.

Дар чорабинии навбатӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, ва ноҳияи Шоҳмансур, ва дигар нафарон иштирок ва суханронӣ намуда, қайд карданд, ки дар доираи Барномаи ҲХДТ ва сиёсати итимоии давлату Ҳукумати мамлакат ғамхории маъюбон доимо дар мадди назари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, расонидани кӯмакҳои моддӣ ва хизматрасонӣ ба ин табақаи эҳтиёҷманди кишвар барои ҳамаи ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон вазифаи имонию виҷдонӣ мебошад.

Дар фарҷоми қисмати сиёсии чорабинӣ ба як қатор кормандони КВД “Заводи протезию ортопедӣ”-и шаҳри Душанбе, ки ҳамакнун ба узвияти ҲХДТ шомил гардиданд, дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ ва Сипосномаву Ифтихорномаи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Шоҳмансур ба аъзои фаъоли ҳизб супорида шуд.

Лозим ба ёдоварист, ки аз тарафи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ба ин нафарон шириниҳо тақдим гардида, барояшон дастархони идона ороста шуд.