image

Машварати омӯзишии Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бо кормандони «Қасри теннис ва маҷмааи варзишии обӣ»

date_range01.12.2022, 09:40 chat_bubble_outline0 remove_red_eye293

Бо мақсади муқовимат ба корупсия ва пешгирии амалҳои мусоидаткунанда ба он аз ҷониби мақоми ваколатдори соҳа пайваста чорабиниву машваратҳои гуногун ташкил карда мешавад. Мулоқоти навбатии омӯзишӣ бо иштироки кормандони Муассисаи давлатии «Қасри теннис ва маҷмааи варзишии обӣ»-и шаҳри Душанбе бо пешниҳоди маърузаҳо аз ҷониби кормандони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар кори ин ҳамоиш роҳбарият ва кормандони Муассисаи давлатии «Қасри теннис ва маҷмааи варзишии обӣ»-и шаҳри Душанбе, намояндагони Раёстаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо корупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанеб ширкат намуданд.

Дар машварати навбатӣ бештар доир ба Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, хоса марҳилаи якуми он, ки барои солҳои 2021-2025 нигаронида шудааст, муҳокимаронӣ сурат гирифт, то ки моҳияти онро кормандони ин сохтор ба хубӣ дарк намоянд.

Дар ҷараёни баромади худ мутахассисон зикр намуданд, ки Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 (минбаъд – Стратегия) ҳамчун барномаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия ба ҳисоб рафта, дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ амалӣ карда мешавад. Бо ишора ба мақсад ва вазифаи асосии амалисозии Стратегия зикр шуд, ки он аз баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ ва фароҳам овардани фазои тоқатнопазирӣ ба коррупсия, бартараф намудани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда ва дар маҷмӯъ, паст намудани шиддати коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат буда, барои инкишофи арзишҳои демократӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум равона карда шудааст.

Дар фарҷом аз ҷониби иштирокдорон саволҳо ба масъулин дар мавриди ин мавзуъ пешниҳод гардиданд.