«Мо ба озмун тайёрем». Мизи мудаввар бо ғолибони даври шаҳрии озмуни «Фурӯғи субҳи донои китоб аст»
Таҳти унвони «Мо ба озмун тайёрем» дар Китобхонаи милли Тоҷикистон мизи гирд бо иштироки масъулини китобхонаи мазкур, намоянаи иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, доварон ва ғолибони даври шаҳрии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор шуд.
Мақсад аз ташкил ва баргузории он баррасии омодагии ҳамаҷониба барои баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ» донисата шуд.
Иброз гардид, ки бо шарофати ташкил ва гузаронидани чунин озмунҳо саффи алоқамандон барои иширок дар озмун ва санҷиши маҳорату малака ва таваҷҷуҳи хонандагон ба омӯхтани илму дониш бештар гардид.
Дар ин замина омодагии ишитрокчиёни даври ҷумҳуриявӣ ба озмун мавриди санҷиш қарор дода шуд. Ба ибрози масъулин Китобхонаи милли Тоҷикистон ҳоло омодагиҳо барои дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани озмуни мазкур ҳамаҷониба идома дошта, барои ҳар як номинатсия дар китобхона 5 толори махсус омода гашта, кормандон пайи ороиши толорҳо ва дигар корҳои муҳим ҳастанд.
Дар идома барои ғолибони даври шаҳрии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» диплому ифтихорномаҳо супорида шуда, барои иштирокчиён аз ҷониби масъулин маслиҳатҳои муфид дода шуд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ