Маҳфили эҷодӣ ва барномаи консертӣ бахшида ба бузургдошти композитори маъруф Михаил Светаев
Дар Иттифоқи композиторони Тоҷикистон маҳфили эҷодӣ ва барномаи консертӣ бахшида ба бузургдошти композитори маъруф, ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон Михаил Светаев баргузор гардид. Дар маҳфил хонандагони муассисаҳову мактабҳои баччагонаи мусиқӣ баромад намуданд.
Тавре зикр гардид, тавассути баргузории ин барномаҳо ташаккули низоми самарабахши ҳавасмандгардонии неруи эҷодӣ барои эҷоди асарҳои баландмазмуни замонавӣ, ки ғояи асосии онро тарғибу ташвиқи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, якпорчагии Тоҷикистон, анъанаҳои гаронарзиши миллӣ, ифтихор аз Ватан ва мероси пурғановати ниёгон ташкил медиҳад, тарғиб карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки мусиқии тоҷик дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат хеле тараққӣ намуда, на танҳо дар дохили ҷумҳурӣ, балки дар арсаи ҷаҳонӣ тоҷиконро чун мардуми санъатдӯсту соҳиби фарҳанги бой муаррифӣ намудааст. Дар мамлакатҳои Шарқ ва Осиёи Миёна илми мусиқӣ ва шохаҳои он, аз қабили композиторӣ дар байни олимон, мусиқишиносон, созандагону навозандагон мақоми намоён доштаанд. Санъати мусиқи яке аз асосҳои боигарии руҳии тоҷикон аст ва дар раванди ҳаёти беш аз ҳазорсолаи миллат онро ҳамеша ҳамроҳ буд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ