image

Ҳамоиш бо мақсади таъмини солимии донишҷӯён дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов

date_range01.12.2022, 14:35 chat_bubble_outline0 remove_red_eye301

Дар заминаи нақша-чорабиниҳои Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов дар заминаи барномаҳои соҳавӣ мулоқоту вохӯриҳои судманд ташкил карда мешавад.

Ҳамоиши навбатӣ бо ибтикори кафедраи анатомия, физиология ва тибби варзишии донишкада ташкил шуд.

Тавре зикр рафт дар баробари корҳои дигари тарбиявӣ ҷалби донишҷӯён ба тадбирҳои иҷтимоию тиббии солимгардонӣ низ як бахши фаъол дар муассиса ба ҳисоб меравад. Ба хотири солимии донишҷӯён ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мутазам дар донишкада машқҳои варзишӣ низ созмонд дода мешавад.

Ҳамин аст, ки тибибон дар ин ҳамоиш варзишро яке аз бахшҳои муҳим барои солимии ҷомеа маънидод намуданд.

Зимни баромади табибон зикр шуд, ки пешигирии беморӣ даҳҳо маротиба арзонтару осонтар аз табобати он аст.