image

Баргузории курси «Сарварони сиёсӣ» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

date_range01.12.2022, 15:28 chat_bubble_outline0 remove_red_eye534

Дар замони муосир, ки бархӯрди тамаддунҳо ва муқовимат ба даъвту тазодҳои ҷаҳони муосир бештар ба назар мерасад, насли ҷавон ягона василаи устувор ва сарватест, ки метавонад дар раванди инкишофи худ ба муваффақият ноил гардад.

Ташкилу ва баргузории курси «Сарварони сиёсӣ», бо ҷалби донишҷӯёни фаъоли факултаҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маҳз бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, иштироки ҷавонон дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ, муттаҳидии донишҷӯёни фаъол ва таҳсилоти муносиб барои онҳо, дастгирии ташаббуси донишҷӯёни фаъол, мусоидат ба рушди ҳаракати илмиву сиёсӣ ва ҷамъиятии ҷавонон, рафъи мушкилоти онҳо дар раванди таҳсил ва мутобиқшавию рушду такомули онҳо дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон мебошад.

Таъкид гардид, ки дар доираи курси мазкур барои иштирокчиён роҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ оид ба мактаби давлатдории Сарвари давлати тоҷикон дарс гуфта, донишҷӯёнро ба дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишвар ва арҷу эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ ва муқаддасоти Ватан бештар ошно месозанд.