image

Семинарии омӯзишӣ бахшида ба «Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия»

date_range01.12.2022, 16:00 chat_bubble_outline0 remove_red_eye307

Дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бахшида ба «Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия» семинарии омӯзишӣ баргузор гардид.

Бо мақсади пешгирии амалҳои корупсионӣ ва ҷиноятҳои хусусияти корупсионидошта пайваста дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе тадбирҳои маърифатӣ ва омӯзишӣ гузаронида мешавад, ки машваратҳои омӯзишӣ аз ҷумлаи онҳо аст.

Семинари навбатӣ бо иштироки роҳбарияти МИҲД-и н.Синои ш.Душанбе ва масъулини соҳаи маорифу тандурустии ин ноҳия гузаронида шуд. Дар он роҳҳои пешгирии падидаи манфии корупсия, мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб ва заминаҳои меъёрӣ-ҳуқуқии мавҷуда барои ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони ба чунин кирдорҳо дастзада мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Дар кори семинар намояндагони МИҲД-и н.Сино, ва мақомоти муборизабаранда бо корупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карда, доир ба мавзуҳои «Нақши соҳаи маориф дар баланд бардоштани маърифати зиддикорупсионии аҳолӣ» ва «Муқовимат бо корупсия кафили рушди соҳаи тандурустӣ баромад намуданд. Инчунин зимни баромади масъулин гуфта шуд, ки, корупсия падидаи номатлуб ва манфии ҷомеа буда, рушди он барои пешрафти иқтисодиёти давлат монеаи ҷиддӣ эҷод менамояд.