Баргузории маъракаи марказонидашудаи тиббию машваратии «Корвони саломатӣ»
Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе бо мақсади расонидани хизмати ройгони тиббӣ ба аҳолӣ дар доираи дастуру супоришҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе пайваста маъракаи «Корвони саломатӣ»-ро дар ҳудуди шаҳри Душанбе ба роҳ мемонад.
Дар доираи он сокинони маҳаллаҳои Соҳибкорон, Деҳқонобод 1,2 ва Лоҳутӣ, ки тоза ба ноҳияҳои шаҳри Душанбе аз ноҳияи Рӯдакӣ ворид гардиданд аз ҷониби табибони ботаҷриба ба ташхис ва муоинаи ройгон фаро гирифта шуданд.
Бо мақсади пешгирии беморшавии аҳолӣ ва баланд бардоштани фарҳанги тиббии ҷомеа, аз ҷониби табибони «Корвони саломатӣ» дар бунгоҳи ҳудуди ҷамоати деҳоти Россия, ки тобеи МСШ-ии №11-и ноҳияи Фирдавсии пойтахт мебошад, маъракаи марказонидашудаи тиббию машваратии «Корвони саломатӣ» гузаронида шуд.
Дар чорабинии мазкур табибон аз тарафи гуруҳи машваратӣ аз ҳисоби мутахассисони соҳибтаҷрибаи маркази саломатии номбурда аз қабили духтури асаб, чашм, гӯш, гулӯю бинӣ, кардиолог бо дастгоҳи сабти барқии дил, эндокринолог, ҷарроҳ уролог, табиби оилавӣ, акушер-гинеколог ва дигар мутахассисони ботаҷриба иштирок намуда, бо сокинон машвар доир намуданд.
Маврид ба зикр аст, табибони Маркази саломатии шаҳрии 11-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар як ҳафта 2 маротиба аз ин бунгоҳҳои тиббӣ дидан намуда бо сокинон мулоқоту вохӯриҳо доир карда аз вазъи саломатии мардум огоҳӣ пайдо мекунанд.
Тақвим
« Ноябрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ