image

Ҳамоиши тантанавӣ-фарҳангӣ таҳти унвони "Кори хайру номи нек: Волонтёр мешавем"

date_range02.12.2022, 18:35 chat_bubble_outline0 remove_red_eye351

Шурӯъ аз соли 1985 бо пешниҳоди Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид 5 декабр ҳамасола дар ҷаҳон Рӯзи байналмилалии волонтёрон таҷлил карда мешавад.

Бахшида ба рӯзи байналмилалии волонтёрон дар толори ДМТ ҳамоиши тантанавӣ-фарҳангӣ таҳти унвони "Кори хайру номи нек: Волонтёр мешавем" доир гардид.

Чорабинӣ бо ташаббуси МИҲД-и ш. Душанбе аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши ш. Душанбе ташкилу роҳандозӣ шуд.

Дар ҳамоиш муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ, раиси КИ ҲХДТ дар ш. Душанбе, роҳбарияти ДМТ, намояндагон аз ноҳияҳои пойтахт ҳунармандон ва волонтёрон иштирок доштанд.

Дар идома барои дастгирӣ ҷиҳати ташкил ва баргузор намудани ҳамоиши мазкур ба намояндагони сохторҳои гуногун раҳматномаи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе тақдим карда шуд.

Бояд гуфт, ки дар доираи ин рӯз чорабиниҳои зиёди фарҳангию сиёсӣ ва маърифати дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе бо ҷалби волонтёрон ва намояндагони сохторҳои гуногун ташкилу баргузор гардиданд.

Ҳамчунин волонтёрони фаъол бо сипосномаву ифтихорнома қадрдонӣ гардиданд. Имруз волонтёрон дар пешбурди сиёсати роҳбарияти олии мамлакат саҳми арзанда доранд. Ҳар ҷавоне, ки ба Волонтёрӣ машғул аст донишу малакаи худро сайқал дода, дар оянда шахси соҳибтаҷриба дар самтҳои гуногун мегардад.

Барномаи фарҳангӣ бо дастагули шеъру тарона идомабахши ҳамоиш гардид.