image

«Қарорҳои дигаркунанда ба рушди фарогир: Нақши инноватсия дар бунёди ҷаҳони дастрас ва одилона»

date_range02.12.2022, 18:38 chat_bubble_outline0 remove_red_eye255

Аз ҷониби Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи байналмилалии шахсони маъюбиятдошта мизи мудаввар зери унвони «Қарорҳои дигаркунанда ба рушди фарогир: Нақши инноватсия дар бунёди ҷаҳони дастрас ва одилона» доир шуд, ки дар кори он масъулини соҳа ва намояндагони созмону ташкилотҳои хориҷӣ иштирок намуданд.

Баъди ба имзо расидани Конвенсияи Ҳуқуқи маъюбон аз ҷониби Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қарори Ҳукумати мамлакат аз 27 феврали соли 2020 «Нақшаи миллии амалҳо оид ба омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ва амалинамоии Конвенсия дар боари ҳуқуқҳои маъюбон» қабул шуд, ки айни ҳол дар арфти амалишавӣ мебошад.

Дар ҳамбастагӣ бо ин Ташкилоти ҷамъиятии «Иттиҳодияи милдлии маъюбони Тоҷикистон» бахшида ба 3 декабр Рӯзи байналмилалии маъюбон, ки имсол мавзуи он аз ҷониби Созмони миллали муттаҳид «Қарорҳои дигаркунанда ба рушди фарогир: Нақши инноватсия дар бунёди ҷаҳони дастрас ва одилона» эълон гардлидааст, мизи мудаввар бо иштироки намояндагони сохтору кумитаҳои дахлдори давлатӣ ва намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятии маъюбон аз минтақаҳо, баргузор шуд.

Мақсад аз доир гардидани чорабинии мазкур, ин бори дигар баррасӣ ва умайян намулани рафти амлаишавии «Нақшаи миллии амалҳо оид ба омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ва амалинамоии Конвенсия дар боари ҳуқуқҳои маъюбон» мебошад.

Чорабинӣ бо таашббуси Итиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон ва дастгирии Дастгоҳи иҷроияи Презхиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазораи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Департамаент оиди масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони миллали муттаҳид, намояндагонии Созмони миллали муттаҳид дар Тоҷикистон ва барномаи рушди Созмони миллат баргузор шуд.

Дар интиҳои чорабинӣ аз натиҷаи ҳисоботҳо ва пешниҳодҳои ироагардида аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии «Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикикистон» ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мактуб ирсол гардид.