image

Мулоқоти навбатии бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

date_range02.12.2022, 19:13 chat_bubble_outline0 remove_red_eye241

Дар мулоқоти навбатии бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сардори Раёсати робитаҳои хориҷии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, эмомхатибони масҷидҳои ҷомеъу панҷвақта ва мудирони бахшҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросим дар ноҳияҳои пойтахт иштирок намуданд.

Дар оғози мулоқот Абдуллоҳ Раҳнамо дар мавзуи «Мавқеъи Тоҷикистон ё чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест?» маъруза намуд.

Дар идомаи вохӯрӣ масъулини бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вобаста ба омилҳои худкушӣ ва афзоиши шумораи ин амали номатлуб миёни аҳли ҷомеа изҳори назар карда, даст задан ба ин падидаи номатлуби иҷтимоиро дар надоштани саводи кофии диниву дунявӣ ва қаноатманд набудан маънидод намуданд. Бинобар ин ба тамоми имомхатибон дастур дода шуд, ки дар мавизаҳояшон бо сокинон ва намозгузорон вобаста ба амали номатлуби худкушӣ аз нигоҳ ислом, пешгирии исрофкорӣ ва дигар мавзуҳо суҳбат намоянд.

Инчунин гуфта шуд, ки имрӯз ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ, хусусан масъалаҳои марбут ба об ва тағйирёбии иқлим аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ ҷонибдорӣ гардидаанд, ки бозгӯи мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвари давлати Тоҷикистон- муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои гуногуни глобалӣ мебошанд.

Дар идома масъулин ҳамзамон дар ҳузури эмомхатибон дар мавзуҳои «Ифротгароӣ ва таъсири он ба амнияти миллии Тоҷикистон ва минтақа» ва «Манфиати сарфаҷӯӣ дар ҳаёти иҷтимоӣ» низ маъруза намуданд.