image

Дар шаҳри Душанбе даври ноҳиявии Олимпиадаҳои ҷумҳуриявии Шоҳмот ва Спилинг Бӣ ҷараён дорад

date_range03.12.2022, 14:02 chat_bubble_outline0 remove_red_eye290

Бо мақсади иҷрои нақшаи чорабиниҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тақвияти зеҳнии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна айни замон дар шаҳри Душанбе даври ноҳиявии Олимпиадаҳои ҷумҳуриявии Шоҳмот ва Спилинг Бӣ ҷараён дорад.

Бо мақсади рушди шоҳмот дар байни ҷавонону наврасон дар доираи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат дар кишвар айни замон даври ноҳиявии мусобиқаи ҷумҳуриявии Шоҳмот миёни ҷавонону наврасон идома дорад.

Ба ин хотир дар Гимназияи ба номи Асадулло Ғуломови ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо ташббуси Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳия даври ноҳиявии мусобиқа миёни хонандагон ҷараён гирифт, ки дар он муҳассилини тамоми муассисаҳои ҳудуди ноҳия иштирок намуданд. Ташкили чунин мусобиқаҳо ба баланд бардоштани савияи фикррониву ақлонии хонандагон мусоидат мекунад.

Бояд гуфт, ки шоҳмот яке аз намудҳои қадимтарини варзишию зеҳнӣ буда, дар асрҳои 5-6 дар Ҳиндустон аввал бо номи шатранҷ ва баъдан шоҳмот пайдо шудааст. Он имрӯз дар саросари олам бо ҳамин ном, яъне шоҳмот маъруф аст. Шоҳмот бозии варзишӣ, тафреҳӣ- зеҳнӣ аст, ки дар худ ҳам хусусиятҳои маърифатӣ ва ҳам унсурҳои илмӣ дорад. Барои ҳамин омӯзиши шоҳмот дар муассисаҳои таълимӣ барои кӯдакону наврасон хеле муфид аст. Аввал ин ки онҳо тарзи дурусти рақобат ва саъю талош бар рақибро ёд мегиранд. Кас ҳатто дар душвортарин вазъият сари тахтаи шоҳмот рӯҳафтода нест, ҳанӯз ҳам ба пирӯзии худ итминон дорад ва ба рақиби худ иҷозат намедиҳад, ки бар ҳоли ӯ ханда кунад. Зеро ӯ ба ин набард омодагӣ дидааст-изҳор медоранд дастандаркорони мусобиқа.

Олимпиадаи мазкур ҷиҳати иҷрои нақшаи чорабиниҳои Вазоарти маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти татбиқи «Барномаи давлатии такмил ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир шуда, мақсад аз он баланд бардоштани шавқу рағбати хонандагон ба омӯзиши забони англисӣ ва дарёфти хонандагони болаёқат мебошад.

Маврид ба зикр аст, ки мусобиқаи Spelling bee 4-уми декабр дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умуми рақами 6 миёни хонандагони муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонӣ гузаронида мешавад. Мусобиқаи мазкур дар Иёлоти муттаҳидаи Амрико пайдо шуда, дар аксари кишварҳо доир карда мешавад. Дар мусобиқаи Spelling bee нафаре ғолиб мешавад, ки калимаҳоро ҳарф ба ҳарф, бештар ва бе хато талафуз мекунад.