“Корҳои риёзии ниёгони тоҷику форс-Умари Хайём” таҳти чунин унвон дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Корҳои риёзии ниёгони тоҷику форс Умари Хайём. Ин мавзӯъ шӯмораи зиёди устодону донишҷӯён ва професорону риёзидононро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба ҳам овард. Мавзӯи мазкур баҳри тадбиқи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” Солҳои 2020 -2040 тадбиқ гардид.
Миллати тоҷик аз гузашта то ба имрӯз ба илм ва таълиму тарбия эҳтироми махсус дошт ва дар тули таърих фарзандонеро ба дунё овард, ки дар рушди илми ҷахонӣ ҳиссаи бузург гузоштаанд. Ин нуқта таъкид гардид зимни суханронии масъулини Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар ҳамоиши навбатӣ.
Таъкид гардид, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии хеш бо зиёиёни мамлакат 18-уми марти соли 2020 қайд намуда буданд, ки «Махсусан дар замони давлатдории Сомониён баробари адабиёту хунар илмҳои табиатшиносӣ низ инкишов ёфтанд ва осори олимони барҷастаи тоҷик дар асрҳои баъдӣ низ шуҳрати ҷахони доштанд». Ҳамзамон вобаста ба тавсеаи тафаккури техникии наврасону ҷавонон Пешвои миллат зимни иораи Паёми хеш ба Маҷлиси Олии ҶТ 26-уми декабри соли 2019 солҳои 2020-2040-ро “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон намуданд.
Дар идома дигар иштирокдорон низ ба сухан баромада зикр намуданд, ки рӯ овардан ба омӯзиши илмҳои табиатшиноси, дақиқ ва риёзӣ яке аз василаҳои беҳтарини таъмини рушди иқтисодиёти кишвар, махсусан дар шароити саноатикунонии бо суръат мебошад.
Бояд гуфт, ки ҳанӯз аз аввали солҳои соҳибистиқлолии кишвар, Пешвои муаззами миллат тадбирҳои бузург ва барномаву стратегияҳои манфиатборро роҳандозӣ менамоянд, ки кишвари азизамонро дар як фурсати кӯтоҳтарин ба қуллаи мурод расонид. Тарафи дигари масъала ин аст, ки имрӯз Тоҷикистони азизро ҷомеаи ҷаҳонӣ бо ташаббус ва иқдомоти беназираш мешиносанд ва эътироф мекунанд. Иқдомоти навбатии Роҳбари давлат дар масъалаи эълон намудани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” метавонад ҷомеаи Тоҷикистонро ба қуллаҳои аз ин ҳам баландтар расонад, зеро дар шароити қабули ҳадафи нави миллӣ “Саноатикунонии босуръати кишвар” ва рақамикунонии иқтисодиёт, баланд бардоштани маърифати техникии ҷавонон ва омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф яке аз самтҳои муҳими расидан ба ҳадафҳои гузошташуда мебошад.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ