Мулоқоти намояндагони МИҲД ноҳияи Шоҳмансур бо устодону донишҷӯёни Коллеҷи омӯзгории ба номи Х.Махсумова
Таълиму тарбияи дурусти фарзандон, маданияти шаҳрнишинӣ, риояи қонуну қарорҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии хурофотпарастӣ, фарҳанги бегона, пешгирии ҷалби ҷавонон ба ҳар ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ аз мавзуҳое буданд, ки дар мулоқоти навбатии намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур бо устодону донишҷӯёни Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ матраҳ гардид.
Дар мулоқот иброз гашт, ки ҳар як сокини кишвар алалхусус ҷавонони даврони истиқлолиятро зарур аст, бо масъулияти баланди шаҳрвандӣ дар татбиқи ҳамаҷонибаи Қонунҳои қабулгардида саҳмгузор бошанд. Падидаҳои номатлубе, ки ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш овардааст ин рӯз аз рӯз авҷ гирифтани гурӯҳҳои ифротгаро мебошанд, ки бештар ҷавононро ба ин роҳ мебаранд. Дар ин замина бо такя ба суханҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардид, ки ҳар ҷавони бомаърифати тоҷик бояд пеш аз ҳама зиракии сиёсиро аз даст надода, ба ҳар гуна гурӯҳҳо шомил нагардад ва бо масъулияти баланд барои ояндаи хеш саҳми арзанда гузорад. Ҳамчунин гуфта шуд, ки тозагиву озодагӣ аз масъулияте ҳаст, ки ҳар сокин бояд пайи он пайваста дар талош бошад.
Ҳамчунин доир ба арзишҳои фарҳангӣ низ сухан рафт. Иброз гардид, ки ҳамчун арзиши олии фарҳанги ба забони модарӣ ҳар як шаҳрванд бояд эҳтироми хоса дошта бошад ва онро поку беолоиш нигоҳ дорад.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ