image

Баргузории мизи мудаввар дар мавзӯи "Масъалаҳои амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз"

date_range05.12.2022, 14:31 chat_bubble_outline0 remove_red_eye214

Бо ташаббуси Ваколатдор оид ба ҳукуки инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи "Масъалаҳои амалисозии Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз" баргузор гардид.

Дар чорабинӣ роҳбарияту кормандони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони ташкилоту созмонҳои байналмиллалӣ иштирок намуданд.

Зимни баромад гуфта шуд, ки қонуни мазкур асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии амалигардонии ҳуқуқ ва имкониятҳои баробарро барои ҳамаи шахсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда низоми ҳукуқии пешгирӣ ва ҳифзи самаранок аз ҳама гуна шаклҳои табъизро муқаррар менамояд.