image

Мулоқоту вохӯриҳои судманд бо сокинони маҳаллаҳои Шодиёна Маърифат ва Қаротегин

date_range03.12.2022, 16:30 chat_bubble_outline0 remove_red_eye207

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ мулоқоти судманд бо иштироки сокинони маҳаллаҳои Шодиёна, Маърифат ва Каротегини ноҳияи Фирдавсӣ бахшида ба таҷлили сазовори ҷашни 35 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Дар вохӯрии мазкур як чанд масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Зимнан, аз ҷониби Шукурзода Саодат Нусратулло - муовини Раиси ноҳия, Манучеҳр Сангов - мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Фирдавсӣ, Диловаршо Сайфуллозода - мудири Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеи дастгоҳи Раиси ноҳия, Исмонзода Меҳриддин - мудири Бахши дин, танзим анъана ва ҷашну маросимҳои ноҳия ва Киромзода Сироҷиддин - мудири Бахши фарҳанги ноҳия вобаста ба расонидани нуқтаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат, истифодаи дурусти инфрасохтори варзишӣ, вобаста ба вазъияти мураккаби сиёсии ҷаҳон, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ миёни ҷавонон, пешгирии оворагардӣ, риояи қонунҳои миллӣ, одоби шаҳрнишинӣ, пешгирии фарҳанги бегона, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, эҳсоси худшиносӣ ва дигар мавзуҳои рузмара суханронӣ карда шуд.

Маврид ба зикр аст, ки чунин мулоқоту вохуриҳо дар дигар шаҳраку маҳаллаҳо доир карда мешавад.