Баргузории ҳамоиши тантанавӣ-маърифатӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии волонтёрон
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии волонтёрон дар толори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ-маърифатӣ доир гардид.
Дар чорабинӣ роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, намояндаҳо аз сохторҳои гуногуни шаҳриву ҷумҳуриявӣ ва волонтёрон ширкат доштанд.
Бояд гуфт, ки дар доираи ин рӯз чорабиниҳои зиёди фарҳангию сиёсӣ ва маърифати дар кишвар бо ҷалби волонтёрон ва намояндагони сохторҳои гуногун ташкилу баргузор гардиданд.
Дар идома намояндагони фаъоли сохторҳои гуногун ҷиҳати ҳамкориҳои судманд бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ҳамчунин волонтёрон бо сипосномаву ифтихорнома ва туҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд.
Имрӯз волонтёрон дар пешбурди сиёсати роҳбарияти олии мамлакат саҳми арзанда доранд. Ҳар ҷавоне, ки ба Волонтёрӣ машғул аст донишу малакаи худро сайқал дода, дар оянда шахси соҳибтаҷриба дар самтҳои гуногун мегардад.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ