image

Мулоқот бо Раиси Думаи Давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия

date_range05.12.2022, 23:44 chat_bubble_outline0 remove_red_eye302

5 декабр дар шаҳри Москва дар ҳошияи ҷаласаи навбатии Шӯрои Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Думаи Давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Вячеслав Володин мулоқот намуданд.

Зимни суҳбат масъалаҳои мубрами вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Россия, аз ҷумла робитаҳои байнипарламентии ду кишвар баррасӣ гардиданд.

Ҷонибҳо бо қаноатмандӣ иброз карданд, ки мулоқоту вохӯриҳои роҳбарони ду давлат ба раванди рушди мунтазами ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия, инчунин таҳкими заминаҳои ҳуқуқии муносибатҳои дуҷониба мусоидат менамоянд.

www.majmilli.tj