image

ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ РАИСИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҶАЛАСАИ ШӮРО ВА ҶАЛАСАИ ПЛЕНАРИИ ПОНЗДАҲУМИ АССАМБЛЕЯИ ПАРЛАМЕНТИИ СОЗМОНИ АҲДНОМАИ АМНИЯТИ ДАСТАҶАМЪӢ

date_range06.12.2022, 09:02 chat_bubble_outline0 remove_red_eye283
Нимаи дуюми 5 декабр Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия дар ҷаласаи Шӯро ва ҷаласаи пленарии понздаҳуми Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (АП СААД) иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҷаласаи Шӯро ва ҷаласаи пленарии понздаҳуми Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ таҳти раёсати Раиси Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Раиси Думаи Давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Вячеслав Володин доир гардида, дар кори он роҳбарони ҳайатҳои парламентии аъзои АП СААД масъалаҳои мубрами фаъолияти Созмон ва натиҷаҳои асосии фаъолияти Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ зимни суханронӣ таъкид карданд, ки дар марҳилаи таърихии 30 соли баимзорасонии Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва 20 соли таъсисёбии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ҳамкориҳои давлатҳои аъзои ин созмони байниминтақавӣ дар сатҳи сифатан нави муносибатҳои ҳампаймонӣ роҳандозӣ гардида, таҷрибаи назарраси байнидавлатӣ, байниминтақавӣ ва байналмилалӣ ҷиҳати муқовимат ба чолишҳо ва таҳдидҳои муосир ба даст омадааст.
Дар ин зимн, муҳтарам Рустами Эмомалӣ таваҷҷуҳи аъзои Шӯрои Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъиро ба ихтилофҳои дар минтақаҳои гуногуни олам бамиёномада, ки барои рушди аксари кишварҳо мушкилот эҷод мекунанд, равона сохта, вобаста ба вазъияти мураккаб дар Афғонистон, бори дигар зарурату аҳамияти таҳкими ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистонро ҳамчун сарҳадоти ҷанубии минтақаи СААД, таъкид доштанд.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо натиҷагирӣ аз давраи раёсати Ҷумҳурии Арманистон дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ҷиҳати анҷоми корҳои босамару назарраси он дар давраи раёсат дар Созмон изҳори сипос намуда, ҳамчунин ба ҷониби Ҷумҳурии Беларус омодагии ҷониби Тоҷикистонро барои мусоидат баҳри татбиқи зарфиятҳои ин кишвар дар давраи раёсат дар Созмон, иброз доштанд.
Бо натиҷагирӣ аз кори ҷаласаи Шӯро ва ҷаласаи пленарии понздаҳуми Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ як қатор санадҳо қабул карда шуд.
Аз ҷумла, ҷиҳати наздикшавӣ ва ҳамоҳангсозии қонунгузории миллии кишварҳои аъзо як қатор тавсияҳои қонунгузорӣ дар бахшҳои мудофиа ва амният, таъмини ҳифзи равандҳои электоралӣ, оид ба муқовимат ба хавфҳои тақсимоти беназорати дороиҳои виртуалӣ қабул карда шуданд.
Ҳамчунин, дар ҷаласа нақшаи кори АП СААД дар соли 2023 ҷонибдорӣ гардида, сметаи даромадҳо ва хароҷоти таъминоти фаъолияти созмон барои соли оянда тасдиқ карда шуд.