Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” оғоз гардид
Шурӯъ аз 5-уми декабри соли ҷорӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз рӯйи 5 номинатсия - адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти ҷаҳон ва эҷоди назму наср оғоз гардид.
Озмун дар фазои тантанавӣ дар толори Китобхонаи миллӣ бо сухани ифтитоҳии муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён ва муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Точикистон оғоз ёфт.
Зимни суханронии хеш ҳозирин ҳама иштирокдоронро ба маросими ифтитоҳи озмуни мазкур таҳният гуфта, иброз доштанд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтам Эмомалӣ Раҳмон барои дарёфт, дастгири ва рушди истеъдодҳо, баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти нерӯи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ такмили захираи луғавӣ ва тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни қишрҳои гуногуни аҳолӣ шароитҳои заруриро фароҳам намудаанд то сокинони сарбаланди кишвари азизамон пайваста пайи илмомӯзи бошанду хамчун нафарони донишманду бомаърифат ба воя расанд.
Сипас иштирокдорон вобаста ба номинатсияҳо дар ҳар як аудитория ба ҳайати ҳакамон маҳорати худро нишон доданд. Тибқи ҷадвали баргузории озмун иштирокдорон вобаста ба гурӯҳҳо-хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (синфҳои 1-4), хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (синфҳои 5-11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 10-11), донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр) ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун, эҷоди назму наср ва барои дарёфти Шоҳҷоиза донишу маҳорат ва истеъдоду малакаи худро пешниҳоди аъзои ҳакамон менамоянд.
Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» соли чорум аст, ки дар кишвар баргузор мегардад ва Низомномаи он бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 феврали соли 2022, тасдиқ шудааст. Сарпарасти озмун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, масъулони баргузории озмун вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, кумитаҳои телевизион ва радио, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, инчуни Китобхонаи миллии Тоҷикистон мебошанд.
Озмуни мазкур дар сар то сари кишвар ҳамовозии махсус касб карда, теъдоди иштирокчиён пайваста меафзояд. Дар даври якуми он 128 ҳазору 851 нафар довталаб, аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Ҳамакнун, дар даври ниҳомии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 442 нафар довталаб иштирок менамояд, ки аз он 229 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 1-11), 83 нафар донишҷӯёни (магистрантон, аспирантон) муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва баъдидипломӣ, 130 нафар омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун мебошанд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ