image

Вохӯрӣ бо иштироки коршиносон ва фаъолони ноҳияи Фирдавсӣ бахшида Рӯзи умумиҷаҳонии ҳуқуқи инсон

date_range06.12.2022, 12:23 chat_bubble_outline0 remove_red_eye270

Ҳамасола 10-уми декабр дар саросари ҷаҳон Рӯзи умумиҷаҳонии ҳуқуқи инсон таҷлил карда мешавад. Маҳз дар ҳамин рӯзи соли 1948 дар шаҳри Парижи Франсия аз ҷониби Маҷмааи Умумии СММ Эъломияи умумии ҳуқуқи башар қабул гардидааст. Бахшида ба ин рӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ бо иштироки коршиносон ва фаъолони ноҳия вохӯрӣ доир гардид.

Дар чорабинии навбатӣ ҳозирин сухан карда зикр намуданд, ки мақсади таҷлили Рӯзи ҳуқуқи инсон - ин ба ҷомеа ва ҳар як фард расонидани аҳамияти эҳтиром ва риояи ҳуқуқи инсон, нақши ҳуқуқи инсон дар таҳкиму рушди ҷомеа ва ҳаёти ҳар як фард мебошад. Азбаски Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон мебошад ин санади байналхалқиро эътироф кардааст ва мо низ ин рӯзро бо баргузор намудани конфронсу семинарҳо мулоқотҳои махсус ва дигар чорабиниҳои алоҳида ҷашн мегирем.

Таъкид рафт, ки “Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон ба дастовардҳои беназир ноил гардидааст. Дар ин кор саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург аст. Таъсиси мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ва дигар сохторҳое, ки бевосита ба ҳуқуқи инсон сару кор доранд, самараи ташаббусҳои Пешвои миллат дар бахши таҳкими мақому манзалати инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ҳар фард мебошанд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки чунин ҳамоишҳо дар баланд бардоштани сатҳи донишҳои ҳуқуқии мутахассисони соҳа, иникишофи соҳаҳои гуногуни ҳуқуқ ва таҳкими қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд нақши арзанда хоҳад гузошт. Иштирокчиён иброз доштанд, ки новобаста аз гуногунии миллату халқият, дину мазҳаб ва дигар аломатҳои иҷтимоӣ воситае, ки сокинони сайёраро ба ҳам мепайвандад, ҳуқуқи инсон аст.