Таҳти унвони “Ҳунар омӯз к-аз ҳунармандӣ” дар МТМУ рақами 32-и н.Сино семинар-машварат баргузор гардид
Устувории пояи миллат аз насли наврасаш вобаста аст. Давлате, ки ба насли навраси худ, аҳамият намедиҳад, оянда надорад. Ин сухани Пешвои миллатро роҳбарияту омӯзгорони МТМУ рақами 32-и н. Сино ҳамчун шиор ба худ касб карда, дар тарбияи насли наврас ва соҳибкасб гардидани онҳо таваҷҷуҳи бештарро равона месозанд.
Хеле муҳим аст, ки наврасон касби ояндаи худро аз рӯйи табъу завқи худ интихоб намоянд. Ин аст, ки омӯзгорони ин муассиса барои бедор кардани шавқи хонандагон ба ин ё он ҳунар ва интихоби касб корҳои зиёдеро анҷом медиҳанд. Таҳти унвони “Ҳунар омӯз к-аз ҳунармандӣ” дар МТМУ рақами 32-и н.Сино семинар-машварат баргузор гардид.
Дар чорабинӣ намояндагони сохторҳои гуногуни шаҳриву ноҳиявӣ, муассисаҳои касбӣ ва омӯзгорону хонандагони МТМУ рақами 32 иштирок доштанд.
Зимни суханронии масъулин доир ба дуруст интихоб кардани касб ва омӯхтани касбҳои гуногун ибрози андеша гардид.
Дар идома аз ҷониби хонандагон барномаи фарҳангӣ-омӯзишӣ пешниҳоди ҳозирин гардонида шуд, ки фарогири суруду таронаҳо дар васфи сулҳу суботи кишвар, урфу одати миллӣ, саҳначаҳои тарбиявӣ ва тарғиби либосҳои милли буд.
Тақвим
« Ноябрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ