image

Конференсияи илмӣ-амалӣ бахшида ба маъракаи 16-рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди хушунат

date_range06.12.2022, 18:53 chat_bubble_outline0 remove_red_eye323

Бо ташаббуси бахши кор бо занон ва оилаи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бахшида ба маъракаи 16-рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди хушунат Конференсияи илмӣ-амалӣ доир шуд.

Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди хушунат нисбат ба занон ҳамасола дар Тоҷикистон низ таҷлил мегардад. Ба ин муносибат бо ибтикори бахши кор бо занон ва оилаи ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар ҳамкорӣ бо Маркази худшиносии бонувон дар шаҳри Душанбе дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Ҳаёт бидуни зӯроварӣ зебост» доир гардид.

Дар конфронс ҳамзамон намояндагони Ташкилоти ҷамъиятии «Корвони Умед» низ ширкат варзиданд.

Гуфта шуд, ки ҷиҳати пешгирии хушунати хонаводагӣ Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳоро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ва «Барномаи давлати пешгирии зӯроварии хонаводагӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023» таҳия намуда, дар ин самт тадбирҳои судмандро амалӣ намуда истодааст.

Имрӯз бештари духтарон кӯшиш менамоянд, ки барвақт оила барпо намоянд. Аммо таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аксари вақт онҳо аз муносибати оиладорӣ бехабар буда, ба ҳаёти мустақилона омода нестанд. Яке аз сабабҳои зиёд гардидани теъдоди ҷудошавии оилаҳои ҷавон дар ҷумҳурӣ тайёр набудани ҷавондухтарон ба оиладорӣ аст. Аз ин рӯ, беҳтар мебуд, агар падару модарон пеш аз оиладор намудани фарзандон, онҳоро аз тамоми нозукиҳои оиладорӣ бохабар намоянд.

Имрӯзҳо занон хеле зиёд бо масъалаҳои гуногуни оилавӣ ба масъулин муроҷиат мекунанд, ки аз ҷониби равоншиносону ҳуқуқшиносон ба онҳо маслиҳатҳои муфид дода мешаванд. Оила асоси ҷамъият буда, таҳти ҳифзи махсуси қонун ва давлат қарор дорад. Қабл аз ҳама, ташаккули шахсият дар рӯҳияи инсондӯстӣ, эҳтиром ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мавқеъ ва масъулияти шаҳрвандӣ ба он вобастаанд. Бар зидди зӯроварӣ дар оила ва барои ҳалли ин мушкилот бояд дастаҷамъона мубориза бурд.

Зимни суханронӣ масъулин изҳор доштанд, ки худи интихоби ранги норинҷӣ чун рамзи маърака маънои умед ва равшаниро дошта, маъракаи 16 рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди хушунат нисбат ба занон 10 декабр дар Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи ҳуқуқи инсон ҷамъбаст мегардад.