Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон чорабинӣ бахшида ба «Рӯзи байналмиллалии мубориза бар зидди коррупсия» баргузор гардид
Дар чорабинӣ намояндагони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, роҳбарият ва устодону донишҷӯёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ширкат намуданд.
Чорабинӣ бо мақсади пешгирии амалҳои корупсионӣ ва амалу кирдорҳои ба он мусоидаткунанда ташкилу баргузор гардид.
Гуфта шуд, ки донистани талаботи қонунгузорӣ дар мавриди роҳ надодан ба амалҳои коррупсионӣ ҳангоми кору амали худ, яке аз воситаҳои асосии пешгирӣ аз кирдорҳоои барои ҷамъият хавфнок, яъне коррупсия арзёбӣ мегардад.
Намояндагони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар ҳамоиши маърифатӣ вобаста ба пешгирии коррупсия ва омилҳои ба он муосидаткунанда, ки он банд ба банди "Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар ҶТ барои солҳои 2020-2025" дарҷ шудааст, муфассал маълумот доданд. Тавре таъкид гардид, Стратегияи мазкур ҳамчун ҳуҷҷати муҳими давлатӣ баҳри тақвияти мубориза ва пешгирии ҷиноятҳои коррупсионӣ заминаи мустаҳкам гузошта, дар доираи он аксари масъалаҳо дар самти мубориза бо коррупсия бо дарназардошти тадқиқотҳои сотсиологӣ, таҷрибаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои дигар ва таҳлили омории вазъи коррупсия давоми солҳои сипаришуда дар ҷумҳурӣ ҳалли худро ёфтанд.
Дар рафти мулоқот намояндагони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шахри Душанбе аз бандҳои алоҳидаи стратегия, ки бевосита ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ дахл доранд, ёдовар шуда, дар фаъолияти ҳамарӯза ба таври мушаххас татбиқ намудани онҳоро аз ҷониби кормадон мувофиқи мақсад ва самаровар арзёбӣ карданд. Бо дарназардошти ин аз иштирокчиёни мулоқот даъват шуд, ки дар самти пешгирии омилҳои мусоидаткунанда ба коррупсия дар доираи иҷрои барномаву стратегияҳои амалкунанда ва талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд. То ки ин зуҳуроти номатлуб дар кишвар коҳиш ёбад ва ҷиноятҳои марбут ба он пешгирӣ шаванд.
Гуфта шуд, ки дар воқеъ баргузории чунин вохуриҳо барои ба вуҷуд овардани фазои оштинопазир нисбат ба зуҳуроти коррупсия, баланд бардоштани савияи дониши зидди корупсионии табақаҳои гуногуни аҳолӣ мусоидат менамояд.
Кормандони масъули Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз иштирокичиёни ҳамоиш даъват намуданд, ки дар мубориза бо зуҳуроти номатлуби ҷомеа-коррупсия ва пешгирии ҳолатҳои ба он мусоидаткунанда бо масъулини соҳа ҳамкорӣ намоянд ва бо ин саҳми назарраси худро дар пешрафти иқтисодии кишвар гузоранд.
Тақвим
« Ноябрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ