«Такмили механизмҳои танзими молиявӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ». Баргузории ҳамоиши ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Бахшида ба рӯзи кормандони соҳаи молия, ки ҳамасола ҳафтуми декабр дар кишвар ҷашн гирфта мешавад, дар факултаи молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки устодону донишҷӯён ва меҳмонон аз як қатор кумитаву сохторҳои давлати таҳти унвони «Такмили механизмҳои танзими молиявӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ» ҳамоиши ҷумҳуриявии илмию амалӣ доир гардид.
Зимни ҳамоиш ҳозирин сухан карда зикр намуданд, ки бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар низоми идораи устувори молияи давлатӣ ҷавобгӯ ба талаботи иқтисоди бозорӣ ташкил ва рушд ёфтааст. Яке аз падидаҳои асосии ин низом- барориш ва амалкарди воҳиди ягонаи пулӣ ба пеш бурдани сиёсати оқилонаи пулию қарзӣ ва асъории кишвар шароит фароҳам овард.
Бояд зикр намуд, ки яке аз унсурҳои асосии ислоҳоти идоракунии низоми молиявӣ дар ҷумҳурӣ- ин ташкили низоми иттилоотии равандҳои муомилоти молию пулӣ ва хазинадории буҷет, ҷорӣ намудани суратҳисоби ягонаи хазинадорӣ, стандартҳои муҳосибот ва нақшаи якхелаи суратҳисобҳо мебошад.
Таъкид рафт, ки дар шароити муосири иқтисоди миллӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми заминаҳои мусоид бо меҳнат ва талошҳои беназири Пешвои миллат барои таҳкими сиёсати давлатӣ ва рушди иқтисодиёти миллӣ мухайё карда шуданд. Муносибатҳои молиявӣ-қарзӣ ва низоми андозбандӣ, ки яке аз шохаҳои мухими иқтисодиёти кишвар ба ҳисоб мераванд, мебояд дар шароити муосир бо фаъолиятҳои гуногуни давлат ва ҷамъият такмил дода шавад.
Гуфта шуд, ки дар маҷмӯъ, низоми идораи молияи давлатӣ дар шароити соҳибистиқлолии кишвар ба як низоми устуворе табдил ёфтааст, ки дар таъмини самараноки сиёсати молиявӣ, аз ҷумла, сиёсати фискалӣ, назорати молиявии давлат, рушди бозори қоғазҳои қиматнок, суғурта, дастгириҳои молиявии соҳибкорӣ хизмат менамояд.
Дар идомаи суханронӣ изҳор дошт, ки аз моҳи январи соли 2015 низоми нави иттилоотии идоракунии молияи давлатӣ ҷорӣ карда шуд, ки банақшагирӣ, иҷрои Буҷети давлатӣ ва баҳисобгирии муҳосибиро дар бахши давлатӣ мукаммал намуда, барои ҷалб намудани ҳамаи мақомоти давлатӣ дар раванди электронии банақшагирӣ ва иҷрои Буҷети давлатӣ шароити мусоид фароҳам овард.
Дар фароварди ҷамъомати тантанавӣ дигар иштирокдорон низ аз рӯи мавзӯҳои гуногун маърӯза карданд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ