image

“Нақши низоми молиявӣ дар рушди иқтисодиёти мамлакат”. Ҳамоиши илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

date_range07.12.2022, 14:15 chat_bubble_outline0 remove_red_eye315

Бахшида ба рӯзи кормандони соҳаи молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-назариявии ҷумхуриявӣ таҳти унвони «Нақши низоми молиявӣ дар рушди иқтисодиёти мамлакат» доир гардид, ки он шӯмораи васеи олимону коршиносони соҳаро аз кумитаву сохторҳои давлатӣ, муассисаҳои молиявӣ ва макотиби олию касбиро ба ҳам овард.

Зимни ҷамъомад масъулини донишгоҳ сухан карда зикр намуданд, ки ҳар як кишвар кӯшиш ба харҷ медиҳад то давра ба давра, зина ба зина ва марҳила ба марҳила рушди иқтисодии кишварро мушоҳида намояд зеро Рушди иқтисодиёти мамлакат аз низоми молиявӣ, андозбандӣ, соҳаи саноат, истифодаи технологияҳои пешқадам ва рушди бо суръати истеҳсолот вобастагии зич дорад. Таъкид рафт, ки дар баробари рушду нумӯи масъалаҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва низоми молиявии мамлакат ва муносибатҳои иқтисодӣ бо мамлакатҳои пешрафтаи иқтисодӣ сатхи зиндагии мардум боло рафта некуаҳволии онҳо афзоиш меёбад.

Зимни ҷамъомад дигар иштирокдорон низ сухан карда зикр доштанд, ки дар даврони Шӯравӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми молиявӣ ба сохти дигар ташкил ёфта, тӯли беш аз 70 сол рущд карда ва мавриди истифода қарор гирифт.

Ҳамзамон таъкид гардид, ки ҳангоми гузариш ба иқтисодиёти бозорӣ сохтори низоми молиявии кишвар куллан тағйир ёфта, муносибатҳои нави молиявӣ, пеш аз ҳама, барориши пули миллӣ, захираҳои зарури асъорӣ, тилло, бозори қоғазҳои қиматнок ва ғайраҳо равиши навро дар ин низом ба миён оварданд.

Гуфтан ба маврид аст, ки ҳайати устодону донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон барои таҳқиқ ва омӯзиши ин масъалаҳо бо пешбурди корҳои илми таҳқиқотии олимони соҳа хамоиши мазкурро доир намуд.

Бояд қайд кард, ки ҳадаф аз таҷлил намудани ингуна ҷамъомаду чорабиниҳо ин пеш аз ҳама баландбардории рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ва бо ин васила таъмини шароити мусоиди зиндагии шаҳрвандони кишвар мебошад.

Дар фароварди ҷамъомади тантанавӣ дигар иштирокдорон низ аз рӯи мавзӯҳои гуногун маърӯза карданд.