image

Баргузории мизи мудаввар дар доираи "16-Рӯзи мубориза алайҳи зӯроварӣ"

date_range07.12.2022, 18:22 chat_bubble_outline0 remove_red_eye390

Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе «Оид ба татбиқи Қарори Ҳукумтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2014 «Дар бораи Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023», ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 17 июни соли 2014 тасдиқ гардидааст, мизи мудавварро миёни кормандони ниҳодҳои давлатӣ оид ба пешигирии зӯроварӣ дар оила доир намуд.

Мизи мудавварро сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи шаҳри Душанбе ифтитоҳ намуда, қайд намуд, ки Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид буда, дар байни зиёда аз 180 давлати дунё обрӯву нуфузи махсусро доро буда, ҳамчун давлати сулҳофар шинохта шудааст. Маъракаи иттилоотии «16 Рӯзи мубориза бар зидди хушунат» дар тамоми кишварҳо бо қарори махсуси СММ шуруъ аз соли 1981 ҳар сол 25 ноябр оғоз гардида, 10 декабр анҷом меёбад.

Ҳамзамон намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ маъруза карда, изҳор дошт, ки Оила ниҳоди асосии ҷомеа. Манбаи парваришу тарбияи нерӯи солими зеҳниву ҷисмонӣ ва идомадиҳандаи наслҳо маҳсуб мешавад. Агар ободиву суботи ҷомеа аз осоишу ороми ҳар як оила вобаста бошад, дар навбати худ ободии ҳар як хонадон аз рӯҳияи поку созанда, сатҳи маърифат ва саломатии зан-модар вобаста аст.

Инчунин дар идомаи кори мизи мудаввар намояндаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва судяи Суди шаҳри Душанбе низ вобаста ба мавзӯи мазкур андешаҳои худро баён доштанд. Дар фарҳанги оиладории миллати тоҷик тарбяии фарзандон ва хушбахт будани онҳо меҳвари асосии оила ҳисобида мешавад ва масъулияти аввалиндараҷаи волидайнд дурусту баркамол ба воя расонидани фарзандон мебошад. Хушунат дар оила ҳуқуқвайронкунии ҷиддие мебошад, ки муқаррароти Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои он ҷазо пешбинӣ кардааст.

Инчунин мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар масъалаи хушунати зӯроварӣ суханронӣ намуда, қайд намуд, ки зӯроварӣ дар оила яке аз масъалаҳое мебошад, ки имрӯз таҳти муҳофизат ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Дар ин самт Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» 19-ум марти соли 2013 ба тасвиб расидааст, ки мақсади қонуни мазкур пурзӯр намудани механизмҳои пешгирии зӯроварӣ дар оила, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, бабахусус омилҳоми зӯроварӣ дар оила, рафторҳои бадахлоқонаи дар оила ва таъмини ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии шаҳрвандон таҳия шудааст.

Бояд қайд намуд, ки дар назди Раёсати кор бо занон ва оилаи шаҳри Душанбе Муассисаи давлатии Маркази худшиносии бонувон дар шаҳри Душанбе фаъолият менамояд, ки бевосита ба гирифторони ҳолатҳои зӯроваридошта кӯмакҳои ҳуқуқию равонӣ аз ҷониби ҳуқуқшиносону равоншиносони муассиса расонида мешавад.

Ҳамзамон дар мизи мудаввар масъалаҳои доғи рӯз аз ҷумла, зӯроварӣ нисбати занону кӯдакон ё ин ки нисбати аъзои оила, зӯроварӣ нисбати ноболиғон, пешгирии ҳолатҳои номатлуб дар байни ҷавондухтарон ва кӯмакҳои саривақтӣ расонидан ба ҷабрдидагони хушунату зӯроваридошта матраҳ гардид.