Мулоқоти намояндагони сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур бо хонандагону омӯзгорони МТМУ №100
Дар доираи баргузории вохӯриҳои судманд бо сокинони пойтахт ва таълимгирандагони муассисаҳои таълимӣ бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе дар бораи таҳким бахшидани робита бо аҳли ҷомеа, вохурии гурӯҳи таблиғотии МИҲД-и н.Шоҳмансур оид ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Президенти кишвар, қоидаҳои шаҳрнишинӣ, фарҳанги либоспушии бегона, гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароиву тундрав, Қонуни ҶТ “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар ҶТ”, пешгирии нашъаманди, хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва дигар масъалаҳо дар МТМУ рақами 100 баргузор гардид.
Аъзои гурӯҳи таблиғотӣ доир ба иҷрои вазифаҳое, ки дар паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба миён гузошта шудаанд, ибрози андеша карданд.
Дар ҷараёни мулоқот ҳамзамон доир ба дастоварду арзишҳои 31 соли Истиқлоли давлатӣ, ваҳдату ҳамдилӣ, сулҳу амният, баланд бардоштани ҳувияти миллию маънавӣ, масъулиятшиносӣ дар таълиму тарбияи кудакону наврасон, тарғиби ҳадафҳои ободониву сабзгардонӣ, арзишҳои миллию маънавӣ, одобу ахлоқи ҳамида, фарҳанги шаҳрнишинӣ, ҳифзи солимии инсон, маҳкум намудани зуҳуроти номатлуби ҷинояткорӣ, терроризму ифротгароӣ, андешаҳои судманд ироа шуданд.
Ҳамчунин хонандагон барои иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи донои китоб аст”, “Тоҷикистон ватани азизи ман”, “Илм фурӯғи маърифат” ва дигар озмунҳо даъват карда шуданд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ