Баргузории машварати омӯзишӣ дар мавзӯи «Сиёсати гендерӣ чун фаъолияти иҷтимоии занон» дар шаҳри Душанбе
Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади иҷрои бандҳои 2 ва 5-и нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 дар шаҳри Душанбе, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 26 июли соли 2021 тасдиқ гардидааст, дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе машварати омӯзиширо дар мавзӯи «Сиёсати гендерӣ чун фаъолияти иҷтимоии занон» бо иштироки мутахассисону коршиносон, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомот, бахшҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг, занон ва оила, собиқадорони соҳа ва кормандони дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ташкил ва баргузор намуд.
Дар кори машварат сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи шаҳри Душанбе зимни ҳамоиш оид ба самтҳои асосии сиёсати давлатӣ ҷиҳати фаъолгардонии нақши занон, татбиқи принсипи баробарии ҳуқуқу озодиҳои мардону занон ва фароҳам овардани имконияти баробар барои амалисозии он, таъмини намояндагии баробари мардон ва занон дар соҳаҳои мухталифи фаъолият, пешгирӣ ва аз байн бурдани зӯроварӣ нисбат ба занон, ки ҳадафи асосии Стратегияро муайян менамоянд, изҳори назар намуд. Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 аз 11 боб ва 77 банд ва нақшаи амали он аз 8 боб, 27 банд ва 74 зербанд иборат мебошад.
Иштирокчиён доир ба самтҳои асосии сиёсати давлатӣ ҷиҳати фаъолгардонии нақши занон, татбиқи принсипи баробарии ҳуқуқу озодиҳои мардону занон ва фароҳам овардани имконияти баробар барои амалисозии он, таъмини намояндагии баробари мардон ва занон дар соҳаҳои мухталифи фаъолият, пешгирӣ ва аз байн бурдани зӯроварӣ нисбат ба занон, ки ҳадафи асосии Стратегияро муайян менамоянд, изҳори назар намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2030 ҳуҷҷати муҳимест, ки ба ҳалли проблемаҳои дарки зарурати таъмини баробарии гендерӣ ва татбиқи сиёсати гендерӣ аз ҷониби ҷомеа, номукаммал будани заминаҳои қонунгузорӣ дар ин самт, ҷой доштани ақидаҳои мухталиф бобати нақш ва мақоми зан дар ҷомеа, нокифоя будани ҳамкории тарафайни мақомоти давлатӣ ва ташкилоти ҷамъиятӣ дар масъалаи ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои занон, ҷой доштани мушкилот дар амалисозии ҳуқуқҳои занон дар соҳаҳои мухталифи сиёсату меҳнат, иқтисоду фарҳанг равона гардида, дар доираи 11 боби таҳияшуда масоили болозикрро бо ҳадафҳои расидан ба мақсадҳо инъикос мекунад.
Нуқтаи муҳиме, ки дар Стратегия таваҷҷуҳи махсус ба он равона гардидааст, амалишавии механизмҳои давлатӣ-иҷтимоӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳамкории мақомот ва ташкилоти ҷамъиятӣ бо такя ба ташаббускориҳо, худфаъолияткунӣ ва худидоракунии шаҳрвандон занону мардон дар ҳалли мушкилоти иҷтимоию иқтисодӣ буда, барои расонидани кумаки назариявӣ ҷиҳати омода намудани мутахассисон оид ба масоили баробарии ҷинсҳо ва масъалаҳои гендерӣ нигаронида шудааст, қайд шуд дар идомаи машварат.
Воқеан ҳам нақши занон дар раванди идораи давлатӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ хеле арзишманду муассир буда, аз ин хотир масъалаҳои дастгирии иҷтимоии занон, хусусан бо ҷойи кор таъмин намудани онҳо дар меҳвари асосии сиёсати созандаи Ҳукумати мамлакат қарор дорад.
Тақвим
« Ноябрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ