9 декабр «Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия». Баргузории семинар дар ДДТТ ба номи Абуалӣ Ибни Сино
Дар толори Маркази омӯзиши малакаҳои амалии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино бо иштироки сардори раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, декани факултети идоракунии давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология ва психологияи факултети №2-и Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ассистенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат ба коррупсияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, роҳбарият ва доираи васеъи омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳ бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия семинар баргузор гардид.
Муовини ректор оид ба корҳои таълимию методии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ба чорабинӣ ҳусни ифтитоҳ бахшида, оид ба ин мавзуъ андешаронӣ намуд.
Зимни баромад қайд шуд, ки дар ҷаҳони имрӯза коррупсия дар баробари дигар падидаҳои номатлуби ҷомеа ба яке аз таҳдидҳои глобалӣ табдил ёфтааст. Тамоми давлатҳои дунё ба ҳар восита талош менамоянд, ки пеши роҳи ин зуҳуротро гиранд.
Ҳамчунин, иброз доштанд, ки Роҳбари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳову вохӯриҳо ҳамеша таъкид менамоянд, ки «Коррупсия ба пешрафти иқтисодиёт халал мерасонад, бунёди ҷомеаи демократиро заиф месозад ва ба рушди демократия таъсири манфӣ мегузорад.
Инчунин иштирокчиён қайд намуданд, ки дар тамоми давраи рушди тамаддуни башарӣ коррупсия ҳамчун зуҳуроти номатлуби иҷтимоӣ сади роҳи инкишофи иқтисодиёт ва ҷомеа гашта, субботу оромиро халадор ва боварии мардумро ба мақомоти давлатӣ коста мегардонд. Шаклҳои коррупсия дар ҳар давру замон хусусиятҳои хоси худро дошта, дар ҳар сурат онҳо аз порагирӣ то сӯи истифодаи ваколатҳои мансабиро инъикос намуда, ба институтҳои демократӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва арзишҳои волои маънавӣ таъсири манфии худро мерасонид.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ