image

«Оилаи солиму фарзанди солеҳ-рукни таббии ҳаёт ва асоси ҷамъият» таҳти чунин унвон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе мизи мудавар доир гардид

date_range09.12.2022, 11:21 chat_bubble_outline0 remove_red_eye324

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ бо ибтикори шуъбаи кор бо занон ва оилаи ноҳия таҳти унвони «Оилаи солиму фарзанди солеҳ-рукни таббии ҳаёт ва асоси ҷамъият» мизи мудаввар доир гардид.

Бояд гуфт, ки ҳамоиши мазкур дар доираи Амалиёти байналмилалии “16-Рӯзи мубориза алайҳи зӯроварии гендерӣ”, ки аз 25-уми ноябр то 10-уми декабр дар саросари ҷаҳон эълон гардидааст, роҳандозӣ гардид.

Ҷамъомади навбатиро, муовини раиси ноҳияи Фирдавсӣ Саодат Шукурова ифтитоҳ карда қайд намуд, ки муҳимтарин коре, ки инсон дар умри худ анҷом медиҳад, бунёди оила мебошад. Оила қонунест, ки шахс дар муҳити он худро аз ниёзҳои инсонӣ баниёз мегардонад. Яъне, ҳар як инсоне дар муҳити оила анъанаҳои таббии ба вуҷуд овардани наслро идома дода, ба воситаи оила ба ҷомеа мепайвандад ва шахсияту ҳуввият касб мекунад.

Мавсуф дар идомаи суханронии хеш қайд намуд, ки таърихи ташаккул ва инкишофи ҷомеаи башарӣ дар тӯли садсолаҳо ба ҳукми исбот расонд, ки бе бунёди оила ва махсусан, оилаи солим мавҷудияти ҷомеаи солим ғайри имкон аст. Имрӯзҳо мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба сохтани ҷамъияти ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва ягона машғул аст.

Дар идома дигар иштирокдорон низ ба сухан баромада зикр намуданд, ки мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки оилаи тоҷик сол ба сол таҳким ёфта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хосатан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои солимгардонии оилаи имрӯзаи тоҷик қонун, санад, қарорҳои махсус ва консепсияи рушди оиларо ба тавсиб расонида, соли 2015-ро соли «Оила» эълон намуданд, ки ба шарофати ин ҳама ғамхориҳо сатхи устувории оилаҳо баланд шуда истодааст.

Мавриди зикр аст, ки ҷамъомади мазкур «Дар доираи барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зуроварӣ дар оила барои солҳои 2014-2023» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, шумораи зиёди коршиносон хуқуқдонон, равоншиносон ва дигар нафаронро ба ҳам овард.