image

“Нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар таҳкими камолот ва рушди маънавии ҷавонон”. Бахшида ба 28-умин солгарди таъсисёбии ҲХДТ ҳамоиши тантанавӣ доир шуд

date_range09.12.2022, 15:28 chat_bubble_outline0 remove_red_eye241

Дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар асоси дастуру супоришҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ва Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб таҳти унвони “Нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар таҳкими камолот ва рушди маънавии ҷавонон” бахшида ба 28-умин солгарди таъсисёбии ҲХДТ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.

Дар ҳамоиши мазкур Муовини Раиси ҲХДТ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Сино, аъзои фаъоли ҳизб, аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе иштирок ва суханронӣ намуданд.

Баромадкунандагон зимни маърӯзаи худ иброз доштанд, ки ба насли ояндасози кишвар талқин кардани мафҳуму муҳтаво, қадру манзалат ва аҳаммияти истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ вазифаи ҷонии ҳар як узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари ба даст овардани Истиқлолият зарурати ногузирии ташаккул ва амалӣ намудани сиёсати давлатии ҷавононро пазируфтааст. Баъди 6 моҳи соҳиб гаштани Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гаштани қонуни асосии ҷавонон - Қонун “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон”, ки 13 марти соли 1992 сурат гирифтааст, ибрози он бомаврид аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз аввалинҳо шуда қонуни асосии ҷавононро қабул кардааст.

Дар идома хозирин қайд намуданд, ки ҲХДТ ҳамчун нерӯи пешбари ҷомеа мардумро ба ободониву созандагии Ватан, ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва ҳифзу таҳкими бузургтарин дастовардҳои таърихи навини халқамон - Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ раҳнамоиву сафарбар менамоянд.

Ҳамзамон дар идома аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Сино суханронӣ намуда, бахшида ба 28–умин солгарди таъсисёбии ҲХДТ Муроҷиатномаи ҷавонони ноҳияи Синоро ироа намуд.

Дар фарҷоми ҳамоиш ба як қатор узви фаъоли ҲХДТ барои саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафҳои созандаи Оиннома, Барнома ва иштироки фаъолона дар ҳаёти сиёсии ҷомеа бо Сипоснома ва Ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд.

Боиси қайд аст, ки 10 декабри соли равон аз таъсиси ҲХДТ 28 сол пур мешавад ва он барои кулли аъзо ва ҷонибдорони ҳизб санаи таърихӣ мебошад.