image

Конференсияи илмӣ-назариявӣ бахшида ба «Рӯзи байналмиллалии мубориза бар зидди коррупсия» дар Коллеҷи техникӣ

date_range09.12.2022, 15:35 chat_bubble_outline0 remove_red_eye275

Дар Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ конференсияи илмӣ-назариявӣ бахшида ба «Рӯзи байналмиллалии мубориза бар зидди коррупсия» баргузор гардид.

Дар чорабинӣ намояндагон аз Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзгорон ва донишҷӯёни Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ иштирок намуданд.

Зимни баромади иштирокчиён гуфта шуд, ки коррупсия падидаи номатлуб ва манфии ҷомеа буда, рушди он барои пешрафти иқтисодиёти давлат монеаи ҷиддӣ эҷод менамояд. Аз ин рӯ пешгирии он барои таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва устувории молиявии кишвар мусоидати фаъол менамояд. Бо ин мақсад дар баробари бахшҳои дигари фаъолият, кормандони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар самти пешгирии омилҳои мусоидаткунанда ба коррупсия ва ҷиноятҳои марбути он тадбирҳои судмандро амалӣ менамоянд, ки яке аз ин гуна чорабиниҳо ин пеш аз ҳама ташкили мулоқоту вохӯриҳои судманд бо кормандони муассисаву ташкилоти шаҳрӣ мебошад.

Ҳамзамон доир ба пешгирии амалҳои мусоидат кунанда ба коррупсия низ дар ҷараёни вохӯрӣ таҳлилу баррасиҳои амиқ сурат гирифт.