image

Озмуни гирандаи Стипендияи раиси ноҳияи Шоҳмансур дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №65

date_range09.12.2022, 18:20 chat_bubble_outline0 remove_red_eye258

Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 65-и ноҳияи Шоҳмансур Озмуни гирандаи Стипендияи раиси ноҳия оғоз гардид. Шаҳрдории Душанбе дар баробари бахшҳои дигар, дастгирии ҷавонони созандаву соҳибистеъдодро аз афзалиятҳои асосии фаъолияти худ дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон қарор додааст. Ҳамин аст, ки ҷавонони пойтахт аз як зумра имтиёзу дастгириҳои роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он бархурдоранд.

Таъсиси Стипендияи раиси ноҳияи Шоҳмансур барои хонандагони болаёқат дастгирии навбатии ҷавонону наврасони фаъол аст. Барои гирандаи Стипендияи раиси ноҳияи Шоҳмансур гардидан, хонандагони фаъол аз муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия дар озмун иштирок намуданд.

Ҷавонони пойтахтро месазад, ки бо дарки баланди масъулият пайи аз худ намудани донишҳои муосир бошанд ва бо ин васила баҳри пешрафти ҷомеа саҳми муносиби худро гузоранд. Зеро дар доираи татбиқи барномаву стратегияҳои қабул гардида шароити зарурии кору таҳсил барои ин қишри ояндасоз дар шаҳр фароҳам оварда шудааст.