Бахшида ба Рӯзи таъсисёбии ҲХДТ дар мавзӯи “Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон -мактаби бузурги сиёсии Пешвои миллат” Конфронси ҷумҳуриявии илмӣ – назариявӣ доир шуд
10-уми декабри соли 2022 аз таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки бунёди навини давлатдории миллати тоҷик, рушди устувори кишвар ва фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда маҳаки асосии барномаи онро ташкил медиҳад, 28 сол пур шуд.
Имрӯз бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи “Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон -мактаби бузурги сиёсии Пешвои миллат” Конфронси ҷумҳуриявии илмӣ – назариявӣ баргузор гардид.
Дар кори конфронс муовинони Раиси ҳизб, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим, директории Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон, Раиси Комиссияи марказии тафтишотии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, собиқ муовини якуми Раиси ҲХДТ, муовини Раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ Давлаталӣ Давлатзода, роҳбарони аввали ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, як қатор раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон–узви Фраксияи ҲХДТ дар Парлумон, кормандони Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ва дигар фаъолони ҳизбӣ иштирок намуданд.
Дар конфронс бо сухани муқаддимавӣ муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ баромад намуд.
Мавсуф ёдовар гардид, ки 30 ноябр Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб баргузор гардид ва дар кори он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштир ок ва суханронӣ намуданд. - Вазифаҳои асосии ҳизби мо дар марҳалаи нави рушди ҷомеа ва давлат дар барномаҳои пеш аз интихоботии он, қарорҳои анҷуманҳои сездаҳум ва чордаҳум, ки самтҳои муҳимтарини рушди мамлакатро то соли 2027 дар бар мегиранд, мушаххас гардидаанд, - иброз дошт А.Азизӣ. – Баъд аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистони тоза истиқлол роҳи бунёди давлати демократию ҳуқуқбунёд ва дунявию ягонаро интихоб намуд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ