image

Ҳашари ниҳолшинонӣ дар ҳудуди “Боғи Ғалаба ва нигоҳдории ҷангал”

date_range10.12.2022, 18:23 chat_bubble_outline0 remove_red_eye243

Дар баробари сокинону кормандони корхонаву муассисаҳои шаҳри Душанбе масъулини ширкати мобилии Tcell дар ҳамкорӣ бо МИҲД-и ш.Душанбе дар ҳудуди МД “Боғи Ғалаба ва нигоҳдории ҷангал” ҳашари ниҳолшинониро роҳандозӣ карданд.

Иқдоми мазкур дар пайрави аз ташаббуси Раиси ш. Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ бобати ба шаҳри сабз табдил додани ш. Душанбе ба роҳ монда шуд.

Мақсади амалисозии иқдоми мазкур, саҳмгузории роҳбарияту кормандони ширкати Tcell дар сабзу хуррамгардонӣ ва гулгулшукуфоии пойтахти кишвар аст.

Дар иқдоми мазкур кормандони Боғи Ғалаба ва нигоҳдории ҷангал ҳам саҳм доштанд. МД “Боғи ғалаба ва нигоҳдории ҷангал”, ки дар 800-гектар доман паҳн кардааст, яке аз калонтарин боғҳои фароғатии пойтахт ба ҳисоб меравад. Дар боғи мазкур гулу буттаҳо ва ниҳолу дарахтони ороишиву сояафкан ва мевадиҳанда шинонидаву парвариш меёбанд. Ниҳолони ороишиву сояафкан бо риояи қоидаҳои агротехники ва истифода аз нуриҳои минералӣ шинонида шуданд. Танҳо имрӯз беш аз 1000 адад ниҳолони ҳамешасабзу ороиши шинонида шуд.

Дар ин рӯз ҳамчунин дар дигар гулгашту хиёбонҳои ҳудуди шаҳр чорабиниҳои экологӣ ташкилу роҳандозӣ гардиданд. Масъулини Раёсатҳои истифодабарии роҳҳои 4-ноҳияи шаҳри Душанбе низ дар дигар мавзеҳои боғи Ғалаба ба ҳашари ниҳолшинони баромаданд. Масъулин дар талошанд, ки баҳри ободу зебо ва мутобиқ намудани инфрасохтори пойтахти кишвар ба меъёрҳои сатҳи баланд саҳми арзанда гузоранд.