image

Ҷаласаи Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки ноҳияи Исмоили Сомонӣ

date_range10.12.2022, 11:07 chat_bubble_outline0 remove_red_eye301

Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз ҷониби Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки ноҳияи Исмоили Сомони ҷаласаи кории назоратӣ доир шуд, ки дар кори он роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, падару модарони хонандагон ва дигар масъулини соҳа иштирок намуданд.

Бо мақсади таъмини муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҷалсаи кории назоратии Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки ноҳия бо иштироки роҳбарони муассисаҳои таълим ва муовинони онҳо оид ба корҳои тарбия, раисони кумитаҳои падару модари муассисаҳои таълимӣ ва кормандони бахшу шуъбаҳои ноҳия доир шуд.

Дар кори ҷаласа раиси Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки ноҳияи Исмоили Сомонӣ оид ба фаъолияти кори комиссия дар соли 2022 ҳисобот дод. Зимни ҳисобот гуфта шуд, ки дар кившари мо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» мавриди амал қарор дорад, ки он 2-юми августи соли 2011 қабул гардидааст. Мақсад аз қабули қонуни мазкур беаҳамият набудани падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон мебошад. Таълиму тарбияи фарзанд яке аз бузургтарин вазифаи волидайн ба ҳисоб рафта, тарбяи онҳо аз рӯзи таваллуд оғоз мегардад. Тибқи қонуни мазкур амалҳои ғариқонуние, ки аз ҷониби фарзандон содир карда мешавад, волидайн ба ҷавобградӣ кашида мешавад. Омӯзиш нишон медиҳад, ки аксар падару модарон баъди қаблуи қонуни мазкур дар таълиму тарбияи фарзандони худ диққати махсус додаанд.