image

“Нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар рушди тафаккури зеҳнии ҷавонон” ҳамоиши илмӣ-амалӣ дар Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе

date_range10.12.2022, 11:49 chat_bubble_outline0 remove_red_eye296

Дар толори Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе» бахшида ба 28-умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ таҳти унвони “Нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар рушди тафаккури зеҳнии ҷавонон” ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Фирдавсӣ, МИҲД-и шаҳри Душанбе, устодону таълимгирандагони ин боргоҳи таълимӣ, роҳбарони ташкилоти ибтидоӣ, намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан”, аъзо ва фаъолони ҳизб иштирок ва суханронӣ намуданд. Зимни чорабинӣ қайд гардид, ки “Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар фазои сиёсии кишвар собитқадамона фаъолият дошта, чун ҳизби мардумӣ ва ормонӣ тавонист худро бо ғояҳои созандаву бунёдкорона ва ватандӯстонаву ватанпарварона ба мардум ба таври арзанда муаррифӣ намояд”.

Қайд гардид, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон табиатан халқӣ ва демократӣ мебошад ва он маҳсули тафаккури эҷодии халқи фарҳангофар ва созандаи мост. Мо пойбанди ҳеҷ як идеологияи бегона набудем ва нестем. Мо худ идеологияи ин ҳизбро ба вуҷуд овардем. Ба хотири мардуми азияткашидаамон ин ҳизбро таъсис додем.

Таъкид гардид, ки “ҲХДТ ба сифати нерӯи муқтадири сиёсии кишвар барои воқеан амалӣ гардидани озодиҳои сиёсиву иқтисодӣ- гуногунандешӣ, бисёрҳизбӣ, озодии сухан, матбуот ва эътиқод, интихоботи шаффофу демократӣ, волоияти қонун, иқтисодиёти гуногуншакл, рақобати озоди иқтисодӣ, рушди соҳибкории хурду миёна, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва монанди инҳо ҳамчун ҳадафҳои барномавии худ то имрӯз талош меварзад. Натиҷаи чунин сиёсати созандаи ҳизб аст, ки намояндагони ҳамаи қишрҳои ҷомеа ифодаи манфиатҳояшонро дар барномаи он дида, ҷонибдорӣ мекунанд”.