Баргузории ҳамоиши “Занон нерӯи пешбарандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва тарбиятгари насли наврас”
Дар шаҳри Душанбе бахшида ба 28-умин солгарди таъсисёбии ҲХДТ бо ибтикори шӯъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе таҳти унвони “Занон нерӯи пешбарандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва тарбиятгари насли наврас” бо иштироки бонувони кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ҳудуди ноҳия ҳамоиш доир гардид.
Дар чорабинии навбатӣ, ки бо ибтикороти шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ доир гардид, масъулин сухан карда зикр намуданд, ки баргузор намудани чорабиниҳои ҷашнӣ ба ифтихори 28-умин солгарти таъсисёбии ҲХДТ, ки 10-уми декабри соли 1992 таъсис дода шудааст барои баланд бардоштани рӯҳияи нафарони истиқлолхоҳ ва мустаҳкам намудани пояҳои Истиқлоли давлатӣ мусоидат хоҳад кард.
Қайд гардид, ки ҲХДТ, дар ҷомеа ҳамчун “ҳизби ҳоким”, “Нерӯи пешбарандаи ҷомеа” ва “ҳизби фаротар аз як ҳизби сиёсӣ” ном баровардааст ва маҳаки асосии онро хизмат ба халқ ва ормонҳои миллӣ ташкил медиҳад.
Гуфта шуд, ки тавре Раиси муазами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон таъкид карда буданд, ки “ҲХДТ ҳамчун зодаи даварони истиқлоли кишвар бо мақсади ифодаи азму иродаи мардуми шарифи Тоҷикистон таъсис ёфта, маҳз бо рисолати мардумсолорӣ сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ,ваҳдати миллӣ, созандагиву бунёдкорӣ ва тарғиби ғояҳои бузурги ватандӯстиву худштиносӣ дар ҷомеа мавқеи сазовори худро пайдо кард.” Яъне дар даврони бисёр ҳассос ва пурпечутоб, ки дар кишвари мо ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ шидат меёфт ва мардуми мо мунтазири паёми сулҳу субот ва шукӯфои буданд, зарурати таърихи барои таъсис додани ҳизби сиёсие ба вуҷуд омад, ки бояд фарогири дидгоҳҳои қишрҳои мухталифи ҷомеа бошад. Аз ин лиҳоз, зарур буд, ки мардум дар меҳвари як мафкураи сиёсии созанда сарҷамъ биёянд ва ба мухолифату даргириҳои фоҷиабор, ки оқибатҳои ногувор ба бор оварда буданд, анҷом бахшанд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ