Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон зери унвони «Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ омили муҳими рушд дар ҷаҳони муосир» ҳамоиш баргузор гардид
Дар чорабинӣ роҳбарияти донишгоҳ сухан карда зикр намуданд, ки имрӯз дар кулли мамлакатҳои ҷаҳон аз ҷумла дар Тоҷикистон ташаккулёбии бозори маҳсулот ва хизматрасониҳои иттилоотӣ бо суръати баланд пеш рафта истодааст. Рушди муносибатҳои бозорӣ боиси ривоҷ ёфтани фаъолияти иттилоотии одамон гашта, масъалаи ҳифзи иттилоот ҳамчун ҳифзи обекти сармояи зеҳнӣ ва ҳуқуқи моликият бар он пуршиддат гардидааст.
Таъкид рафт, ки дар замони мукосир иқтисодиёт дар заминаи рушди технологияҳои иттилоотию комуникатсионӣ шаклҳои ба худ хосро касб кардааст, ки онро дар вожаи нав «Иқтисодиёти рақамӣ» ном мебаранд.
Қайд гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26-уми январи соли 2021 чунин зикр намуда буданд - «Бо мақсади таҳкими асосҳои институтсоналии иқтисоди рақамӣ, рушди инфрасохтори иттилоотию комуникатсонӣ дар тамоми қаламрави кишвар, рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва вусъатбахшии раванди амалӣ намудани «Ҳукумати электронӣ» ба ҳукумати мамлакат ва сохтору мақомоти дахлдор супориш дода мешавад, ки доир ба таъсис додани Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Пезиденти Тоҷикистон чораҷӯӣ намоянд». Қобили қайд аст, ки технологияҳои иттилоотӣ ва рушди бемайлони онҳо ба пешрафти муосир таъсири ҳалкунанда расонида истодааст. Ба туфайли селаи инқилобҳо дар соҳаи технологияҳои информатсионӣ сохтор ва стратегияи рушди бизнесу иқтисодиёт тағйир ёфта истодааст.
Маврид ба зикр аст, ки имкониятҳое, ки технологияҳои иттиилоотии муосир ба миён овардаанд, ба болоравии рушди муназзами иқтисодиёт, болоравии суръати гардиши сармоя дар бозор мусоидат менамояд.
Дар идома дигар иштирокдорон низ аз рӯи мавзӯҳои «Талаботи бозори меҳнат ба мутахассисони соҳаи технологияи иттилоотӣ ва комуникатсонӣ» «Иттилоот ва таъмини заминаҳои қабули қарорҳои идоракунӣ дар шароити иқтисодиёти рақамӣ» маърӯза карданд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ