image

Конференсияи илмӣ-назариявӣ бахшида "Рӯзи молиячиён" ва солҳои 2022-2026 "Солҳои рушди саноат" дар фарҳанги Коллеҷи техникӣ

date_range12.12.2022, 13:10 chat_bubble_outline0 remove_red_eye226

Дар толори фарҳанги Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ бахшида "Рӯзи молиячиён" ва солҳои 2022-2026 "Солҳои рушди саноат" дар мавзуи "Молияи давлатӣ ва нақши он дар саноатикунонии кишвар" Конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур намояндагони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе ва олимону донишмандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи байналмиллалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иштирок намуда маърӯза намуданд. Конференсияро муовини директор оид ба илм ва инноватсия оғоз бахшида, иштирокчиёнро ба муносибати "Рӯзи молиячиён" шодбош гуфт.

Дар рафти конференсия капитани Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нозири Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сухан баромада, аз пешрафти соҳаи саноат дар даврони истиқлолияти давлатӣ ва имтиёзҳои гумрукӣ оиди пешрафти соҳаи саноат дар солҳои 2022-2026 маърӯза намуданд.

Сипас, дигар иштирокчиён дар мавзӯи “Таҳкими сиёсати андозӣ ва рушди он дар низоми давлатӣ” маърӯза намуда иттилоъ доданд, ки дар амалигардонии соҳаи саноати мамлакат нақши андозҳо ва аҳамияти онҳо инчунин имтиёзҳои андозӣ, босазо мебошад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Кодекси андоз як қатор имтиёзҳоро пешниҳод намудааст.

Дар идомаи кори конференсия дигар иштирокчиён дар мавзуҳои “Татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат – заминаи боэътимоди саноатикунонии босуръати мамлакат”, “Ҳисоботи идоракунӣ заминаи иттилоотии қабули қарорҳои идоракунӣ дар корхонаҳои саноатӣ” маърӯза намуда, тибқи таҳлилҳои оморӣ ба ҳозирин иттилоъ дода шуд, ки нақши саноати мамлакат нисбат ба солҳои гузашта пас аз қабули ҳадафи чуруми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Саноатикунонии босуръати кишвар" назаррас буда, рушд намуда истодааст.

Дар охири чорабинӣ миёни иштирокчиён ва баромадкунандагон саволу ҷавоб сурат гирифт, ки,маърӯзачиён ба саволҳои пешниҳодгардида посуҳои дақиқ гардонида руҳияи омӯзгорон ва донишҷуёнро баланд бардоштанд.