image

Дар майдони “Истиқлол”-и пойтахт Арчаи солинавӣ гузошта шуд

date_range12.12.2022, 13:30 chat_bubble_outline0 remove_red_eye424

Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар паҳлӯи муҷассамаи Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлол»-и майдони “Истиқлол”-и пойтахт арчаи солинавӣ гузошта шуд. Арчаи солинавӣ 30 метр баландӣ ва 17 метр паҳноӣ дошта, бо ороишоти барқӣ-иллюминатсионӣ ва бозичаҳои солинавӣ оро дода шудааст.

Арчаи идонаи имсола бо баландию паҳноӣ, ҳашамату зебоӣ ва ороишоти технологии замонавиаш аз арчаҳои солинавии солҳои пешин фарқ менамояд, ки шабонгаҳ низ зебогии он ба чашм мерасад. Инчунин баҳри фароғат ва тамошои сокинону меҳмонони пойтахт дар атрофи арча унсурҳои ороишии гуногуни барқӣ-иллюминатсонӣ, аз қабили дарвозаҳои рамзии шаҳраки солинавӣ аз се тараф, фаввораҳо бо навиштаҷоти «2023», аркҳои гуногуншакл, бозичаҳои калонҳаҷм, арчаҳо ва дарахтҳои гуногун, одамчаҳои барфӣ, селфигӯшаҳо, хонаи бобои барфӣ, қаҳрамонҳои аниматсионӣ аз филмҳои тасвирӣ, чархофалак ва ғайраҳо гузошта шудаанд, ки дар ҳақиқат ба шаҳраки зебо ва дилрабои солинавӣ табдил ёфтааст. Ҳамзамон дар майдон 22 адад дӯконҳои фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ, армуғонҳо, туҳфаҳо ва хӯрокҳои тезтайёр гузошта шудаанд, ки дар рӯзҳои таҷлили соли нав ба сокинону меҳмонони пойтахт хизмат мерасонанд.

Маврид ба зикр аст, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба хотири фароғати сокинон тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд, ки омодагии шаҳри Душанбе ба соли нави мелодӣ аз ҷумлаи онҳо дониста мешавад.

Ёдрас мешавем, ки соли нави мелодӣ таърихи куҳан дошта, дар қисмати зиёди ҷаҳон онро таҷлил менамоянд. Ин солшуморӣ аз дувоздаҳ моҳ иборат буда, соли 46 то мелод, яъне 2056 сол пеш, императори Рум-Юлий Сезар якуми январро чун рӯзи аввали соли нав қабул намуда буд. Анъанаи таҷлили соли нави мелодӣ дар Тоҷикистон аз даврони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ибтидо мегирад. Шурӯъ аз солҳои аввали таъсиси Тоҷикистони шӯравӣ то ҳоло якуми январ ҳамчун оғози соли нави мелодӣ ҷашн гирифта мешавад.