image

Ҳамоиши ҷавонон дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов

date_range12.12.2022, 14:48 chat_bubble_outline0 remove_red_eye285

Дар асоси нақша-чорабиниҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов мулоқоту вохӯриҳои судманд ташкил карда мешавад.

Дар ҳамоиши навбатӣ масъулони Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намуданд. Вохӯрӣ бо мақсади тақвияти ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии ҷавонон ташкил шуда, дар ҷараёни он дигар масъалаҳои мубрами рӯз низ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, оворагардӣ ва қонунвайронкунӣ ва дигар самтҳои ин мавзу зимни баромади ширкатдорон таъкид гардид. Бо ишора ба таъкидҳои пайвастаи роҳбарияти олии мамлакат гуфта шуд, ки ҷавонон бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ҳамеша пайи омӯзиши илму дониш бошанд.

Ноттиқони ҳамоиши мавриди назар доир ба татбиқи стратегияву консепсияҳои соҳавӣ низ баромад намуда, ба ширкатдорон аҳамияти онро тавзеҳ доданд. Баланд бардоштани тафаккуру идрок, ахлоқу одоб ва рафтори донишҷӯён аз мавзеҳои дигаре буд, ки дар ҳамоиш атрофи он суханронӣ сурат гирифт. Ҳамчунин вобаста ба маҳкум намудани амалу кирдорҳои террористиву таҳрибкорона, расидан ба қадри неъматҳои волое чун сулҳу ваҳдат ва оромиву осудагии сартосарии мамлакат ва таҳким бахшидани пояҳои он баромадҳои зарурӣ сурат гирифт.

Ҷойи таъкид аст, ки бо ширкати олимону донишмандони Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии ба номи Саидмуъмин Раҳимов чунин мулоқоту вохӯриҳои тарбиявию маърифатӣ ташкил карда мешавад.