image

Ҷамъбасти курси омӯзишии «Идоракунии рушди маҳал» дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

date_range13.12.2022, 15:34 chat_bubble_outline0 remove_red_eye251

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси омӯзишии «Идоракунии рушди маҳал» барои раисони ҷамоатҳо ва вакилони маҷлиси вакилони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷамъбаст гардид.

Курси такмили ихтисоси мазкур дар мувофиқа бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бунёди Ҳаннс Зайдели Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар амал татбиқ намудани бандҳои дахлдори “Консепсияи идоракунии рушди маҳал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 июли соли 2015, тасдиқ гардидааст, ба роҳ монда шудааст.

Дар рафти ҳамоиши мазкур масъулини Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар нафарони вобастгардида иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни ҷамъбаст ҳозирин қайд карданд, ки курси мазкур дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардида, дар он раисони ҷамоатҳо ва вакилони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти вилояти Хатлон ҷалб карда шудаанд.

Мақсад аз баргузории курси мазкур ин омӯзиши ташаккули самтҳои асоси ва заминаи сиёсию ташкили ва ҳуқуқии идоракунии рушди маҳал, вазифаҳо барои такмили идоракунии рушди маҳал, инчунин муайян кардани механизмҳо ва марҳилаҳои асосии татбиқи Консепсияи идоракунии рушди маҳал мебошад.